Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Б.Ғафуров: Ба зӯроварӣ дар оила хотима мебахшем!

Б.Ғафуров: Ба зӯроварӣ дар оила хотима мебахшем!

9-12-2021, 08:25
Хабарро хонданд: 222 нафар
Назарҳо: 0
Б.Ғафуров: Ба зӯроварӣ дар оила хотима мебахшем!

Имрӯзҳо маъракаи ҳамасолаи “16 рӯз алайҳи зӯроварӣ нисбати занон “ дар саросари дунё давом дорад. Бо мақсади коҳиш додани зӯроварии гендерӣ, баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавонондухтарон, дар амал татбиқ намудани Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз бо занону духтарони ташкилоти ибтидоии маҳаллаи “Сангин Ҳоҷӣ” бо иштироки намояндаи кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ, сармутахассиси ҷамоати Ёва, намояндагони соҳаи тандурустӣ мулоқот доир гардид. Мулоқотро директори муассиса Турсунзода Мадина ҳусни оғоз бахшида, аҳли нишаст ва меҳмононро пазироӣ карданд. Сипас сухан ба меҳмонон дода шуд. Зимни вохӯрӣ зикр гардид, ки зӯроварӣ дар оила ин амали қасдонаи ғайриқонунӣ буда, дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила содир шуда, он боиси поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои шахси дигар, расонидани дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатии ӯ ва ё таҳдиди расонидани чунин зарар ба саломатӣ мегардад. Барои коҳиш додани хушунати гендерӣ , пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон баланд бардоштани маърифати ҷавонон шарти зарурист. Аксари олимони соҳаи ҷомеашиносӣ бар он ақидаанд, ки омода набудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ – маҷмӯи талаботи ахлоқии ҷомеа буда,мақсади асосӣ ташаккули фаҳмишу ҳиссиёти хонаводагӣ ва ба роҳи мустақилонаи ҳаёт ҳидоят намудани онҳост. Ба ин маънӣ , омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона яке аз муҳимтарин корҳое мебошад, ки барои бунёди оилаи пойдор зарур аст. Барои бунёди оилаи солим, таъмини зиндагии орому осуда, расидан ба комёбиҳо ва бартараф кардани мушкилиҳо ба ҷавонон зарур аст, ки маърифати комил, омодагии ҷиддии равонию ҷисмонӣ, маънавӣ ва иқтисодӣ дошта бошанд. Танҳо бо ҳамин роҳҳо мо метавонем ба зӯроварӣ дар оила хотима бахшем.Биёед, якҷоя ба зӯроварӣ нисбати занон хотима бахшем!
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: