Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Вохӯрӣ ҷиҳати тарғиби воқеоти таърихии кишвар

Вохӯрӣ ҷиҳати тарғиби воқеоти таърихии кишвар

3-03-2016, 14:10
Хабарро хонданд: 301 нафар
Назарҳо: 0
Вохӯрӣ ҷиҳати тарғиби воқеоти таърихии кишварСоли 2015 бинобар дар мамлакат соли пурвоқеоту пуртазоҳур бошад ҳам, дар аввалу анҷоми соли 2015 ва оғози соли 2016 дар ҳаёти сокинони кишвар як қатор воқеаҳои сиёсии таърихии басо муҳим рӯй доданд, ки новобаста аз мушкилиҳову паёмадҳои нобасомони бӯҳронҳои сиёсиву иқтисодии фаромиллӣ барои ҳамдиёрони мо омили мусоиди рушду инкишоф гардида, баҳри ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизу маҳбуб поягузор буданд. Ва бобати ин рӯйдодҳои барои кишвар муҳим аз ҷониби НТҶҶ «Созандагони Ватан» ва Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия бо сокинони ҷамоати шаҳраки Ғончӣ вохӯрии судманд ороста шуд.

Дар оғози вохӯрии мазкур мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия, узви Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар н.Ғончӣ Бунафша Қутбиддинова аз фаъолнокии мардум дар интихоботи соли 2015 ёдовар гардида, интихобу фаъолгардии қувваҳои сиёсии созандаву бунёдкорро ба мақоми олию маҳаллии намояндагӣ дастоварди ватанпарваронаю меҳандӯстонаи сокинони оқилу дурандеши диёр ном бурд. Зеро тӯли соли 2015 новобаста аз мушкилиҳои ба миён омада, бо роҳбарии самараноку нуқтасанҷонаи роҳбарияти мамлакат мардуми кишвар тавонистанд, ки ба нишонаҳои мусбии рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт ноил гарданд ва инро ҳамагон аз Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб дарк ва қабул намуданд.

Бунафша Қутбиддинова хотирнишон сохтанд, ки Пешвои миллат бинобар мавҷудияти тамоми имконоту шароитҳои мусоид чунин барномаҳоро барои рушду такомули соҳаҳои гуногун, аз қабили иқтисодиёту иҷтимоиёт, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, саноат ва кишоварзӣ, маорифу фарҳанг ва дигар соҳаҳо тарҳрезӣ намуда, амалишавии онҳоро дар соли 2016 пешбинӣ намудаанд. Ин гуфтаҳои худро бо нуқтаҳои асосии Паёми Сарвари давлат бо зикри факту рақамҳо собит сохта, аз ҳамагон даъват ба бор оварданд, ки чун ҳамешагӣ ҷонибдори сиёсати ба рушди зиндагии шоистаи мардум равонагардидаи давлату ҳукуматро дастгирӣ намоянд ва бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифаҳои худ камари ҳиммат банданд.

Доир ба дигар рӯйдодҳои таърихии басо муҳим и.в.НТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Ғончӣ Сарвар Саидов ба сухан баромада, қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» кори нек ҳисобида, махсусан зикр намуд, ки таърих гувоҳ аст, зеро дар ҳаёти ҳассоси аксар кишварҳо шахсиятҳое рӯи саҳнаи сиёсат омада, давлату миллату халқи худро мутараққӣ сохтаанд, ки бузургию аҳамияти нақши онҳо дар ин радиф инкорнопазир аст, аз қабили Шарл де Голл, Хо Ши Мин, Махатма Ганди, Ҷавоҳирлал Неру, Мустафо Камол Отатурк ва Сун Ятсен. Ғайр аз он, диққати ҳамагонро ба он ҷалб намуд, ки Пешвои миллат эътироф намудани Эмомалӣ Раҳмон ин яке аз кучактарин қадрдониҳои халқу миллат нисбати хизматҳои бузурги Сарвари давлат буда, муттаҳидию масъулиятшиносӣ, пойдорандаи Ваҳдату Сулҳи тоҷикон будан, қарзи фарзандиро дар назди давлату миллати хеш иҷро кардан, риояву иҷрои вазифаҳои конститутсионӣ ва сазовори боварии Пешвои миллат гардидан – ин аст вазифаю маҳаки асосии фаъолияти мо.

Дар хотимаи баромади хеш С. Саидов аз тағйироту иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшаванда сухан ронда, зарурияту аҳамияти воқеӣ ва муҳиммияти онро барои пояндагии сулҳу субот, рушди минбаъдаи устувори иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, таъмини зиндагии шоистаи мардум, такмили раванди демократикунониву қонунгузорӣ ва ҳокимияти давлатӣ, мутобиқгардонӣ ба санадҳои меъёрии баналмиллалӣ шарҳу тавзеҳ дода, ҳамагонро барои иштироки фаъолонаи навбатӣ дар раъйпурсии умумихалқии дарпешистода даъват кард.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: