Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Кумитаи рушди маҳал: Баъд аз даҳ сол ҳар маҳалла соҳиби як муассисаи томактабӣ ва майдончаи варзишӣ мегардад

Кумитаи рушди маҳал: Баъд аз даҳ сол ҳар маҳалла соҳиби як муассисаи томактабӣ ва майдончаи варзишӣ мегардад

2-02-2022, 08:43
Хабарро хонданд: 99 нафар
Назарҳо: 0
Кумитаи рушди маҳал: Баъд аз даҳ сол ҳар маҳалла соҳиби як муассисаи томактабӣ ва майдончаи варзишӣ мегардад
ДУШАНБЕ, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ҳар деҳа ва маҳаллаи аҳолинишин, ки аз 100 хоҷагӣ зиёд доранд, як муассисаи томактабӣ ва як майдони варзишӣ ба истифода диҳад. Дар ин бора Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҷумъазода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Мавсуф зикр намуд, ки чунин инфрасохтори иҷтимоӣ давоми 10 соли оянда бунёд гардида, ҳамзамон ҷиҳати вусъат бахшидан ба бунёди манзилҳои истиқоматии зебою замонавӣ, таҷдиду навсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зисти ҳар оила, кӯчаву хиёбон, маҳаллаҳои аҳолинишин аз ҷониби кумита тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки бо мақсади таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо 24 ҳазору 682 иншоот ба маблағи 18 млрд 862 млн сомонӣ бунёд шуданд, ки дар онҳо 73 ҳазору 686 ҷойи кор муҳайё гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: