Санаи 28 январ дар асоси Қарори Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе Конфренсияи XXXIV ғайринавбатии ташкилотҳои ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ баргузор гардид.
Тавре мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муслим Усмонзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар конференсия Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Фатҳиддин Усмонзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҷурабек Муродов, сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Салмон, Директори корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар шаҳри Душанбе Толиб Мирзораҳим, аъзои КИ ҲХДТ дар ноҳия, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ, Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва 120 вакил аз ташкилотҳои ҳизбӣ иштирок намуданд.
Дар кори Конференсия оид ба пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳавзаи интихоботии №26 номзадии Зафар Шамшерзода аз ҷониби ҲХДТ пешбарӣ гардида, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Вобаста ба масъалаи рӯзномаи Конференсия ҳайати Раёсат ибрози андеша намуда, дар охир аз ҷониби вакилони Конференсия номзадии Зафар Шамшерзодаро ҷонибдорӣ намуданд. Дар идомаи Конференсия нақшаи кории гурӯҳи вакилии вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе барои соли 2022 тасдиқ гардида, вобаста ба ин Роҳбари гурӯҳи вакилӣ Некрӯз Мирзон ҳисоботи фаъолияти гурӯҳи вакилиро ироа намуд.
Инчунин, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Зариф Шариф баромад намуда, аз фаъолияти соли сипаригардидаи Шӯрои собиқадони ҲХДТ дар ноҳия ҳисобот дод ва нақшаи кории Шӯрои собиқадорон ҲХДТ-и ноҳия барои соли 2022 қобили қабул дониста, тасдиқ гардид.
Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Фатҳиддин Усмонзода вобаста ба Қарори тасдиқгардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҷлили ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба шаҳри сабзу гулрез табдил додани пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ва эълон гардидани солҳои 2022-2026 солҳои рушди саноат ибрози андеша намуда, таъкид намуд, ки саҳми босазои худро дар пешрафту созандагии пойтахти азизамон гузоранд.
Сармуҳаррири нашрияи «Народная газета» Маҳбуба Камолова баромад намуда, зикр намуд, ки вобаста ба вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозанд, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишвар диққати аввалиндараҷа диҳем. «Мо мардуми бонангу ор ва дорои шарафу ҳисси миллию меҳанпарастӣ буда, дар якҷоягӣ бо мақсади ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, ободӣ ва шукуфоии Ватани маҳбубамон саҳми босазо хоҳем гузошт»,- иброз дошт М. Камолова.
Дар интиҳои Конференсия оид ба масъалаҳои баррасигардида, қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба як қатор фаъолони ҳизб Сипосномаи КИМ ҲХДТ, Нишони сарисинагӣ бахшида ба 28-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон супорида шуда, дар вазъияти тантанавӣ ба ҷавононе, ки нав ба узвияти ҲХДТ қабул гардиданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд.