Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Андешаҳо

4-01-2022, 10:30
Хабарро хонданд: 68 нафар
Назарҳо: 0
Андешаҳо

Перомуни бурду бохти соли сипаригаштаистодаи 2021 назари чанде аз неруҳои бузурги захираи инсонӣ, яъне, ҷавонони муваффақи соҳаҳои гуногуни кишварро ҷамъ овардем, ки фишурдаи он пешниҳодатон мегардад.

СОЛИ 2021 БУРД ҲАМ ДОШТУ БОХТ ҲАМ

Моро зарур аст, ки дар фарҷоми ҳар сол аз бурду бохти яксолаи худ натиҷагирӣ кунем. Ин амал ба мо собит мекунад, ки дар як соли сипаришуда то куҷо ҳадафу нақшаҳои худро амалӣ намудему то куҷо онҳоро сарфи назар кардем. Табиист, ки на ҳамеша мо ба хоставу орзуҳоямон мерасем. Ҳарчанд талош варзем ҳам. Соли 2021 барои ман низ ҳамин тавр сипарӣ гардид. Ҳарчанд дар аввали сол баъзе нақшаҳо доштам, вале сол охир шуду нақшаҳо ҳанӯзам рӯи нақша монданд. Масалан, дар аввали сол тасмим гирифта будам, ки то фарҷоми сол рисолаи илмиамро ба анҷом расонида, аз пешдифоъ мегузарам. Ҳарчанд то андозае ба ин ҳадаф наздик шудам, вале онро пурра амалӣ карда натавонистам. Дар ин росто нақшаҳои амалишуда низ кам нестанд. Яъне, соли сипаришуда бурд ҳам дошту бохт ҳам.

Хуршед Мавлонов, корманди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРДО АЗ ИМРЎЗ БЕЊТАР ХОЊАД ШУД

Соли 2021 барои тамоми мардуми азизи Тољикистон хотирмон буд. Муњимтарин хотираи сол ин таљлили Љашни 30 – солагии Истиќлоли давлатии Љумњурии Тољикистон буд, ки дар фазои идона ва дар сатњи хеле баланд таљлил карда шуд. Ба дастури Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба истиќболи ин љашни миллї дар се соли охир зиёда аз 25 њазор иншооту биноњои истењсоливу иљтимої ва инфрасохторї сохта ба истифода дода шуданд. Бо вуљуди ављи бемории сироятии коронавирус дар љањон, ки бисёр кишварњоро имрўз ба таври љиддї нигарон кардаст, дар кишвари мо тамоми соњањо бемайлон рушд карда, ба натиљањои чашмрас ноил шуданд ва сатњи зиндагии мардум бењтар гашт. Хушбахтона, бо дастгирии Њукумати кишвар, хизматњои шабонурўзии табибон ва воридони зиёди ваксина ба кишвар дар мо чандест, ки сироят ба ин вирус сабт нашудааст. Дар маљмўъ, соли 2021 барои Тољикистони мо ва миллати мењнатќарину ганљофари тољик соли бурдборї, некуањволї, пешрафт ва рушди тамоми соњањо буд. Бо эълон гардидани солњои 2022 – 2026 Солњои рушди саноат аз љониби Пешвои миллат, инчунин, стратегияву барномањои соњавї ва иќдомњои рўидастгирифтаи Њукумати мамлакат бо бовар метавон гуфт, аз соли 2022 сар карда Тољикистонро муваффаќиятњои бештару бењтар ва мардуми моро зиндагии боз њам шоиста дар пеш аст.

Лашкар ШАРИФЗОДА, Аълочии матбуоти Тољикистон

СОЛИ БОБАРОРЕ БУД

2021 бароям соли саршор аз навгонӣ, тағйирот, воқеаҳои ғайриинтизор ва муҳимтар аз ҳама хотирмону бобароре буд. Зеро маҳз дар ин сол фаъолияти шашсолаи банда дар соҳаи журналистика аз ҷониби Вазорати фарҳанги кишвар дар Рӯзи матбуот бо нишони “Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадршиносӣ гардид. Ин қадрдонӣ ва подоши заҳматҳо бароям неруи тоза бахшид, то дар ҷодаи хеш беш аз пеш фаъолияти пурсамартару мондагортар дошта бошам. Дар баробари ин, барои ман ҳамчун як узви ин ҷомеа яке аз воқеаҳои фараҳбахши дигаре, ки дар ин сол доштам, ин таҷлили 30-солагии Истиқлоли кишвар мебошад. Зеро бешак маҳз ҳамин Истиқлоли комили давлатӣ аст, ки мо имрӯз ҳаёти хубу осоишта дорему дар ҷодаҳои гуногун бо дасту дили гарм пайи фаъолиятем. Ҳамин неъмати бениҳоят арзишманд боис ба он гардид, ки моро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун миллат ва давлати соҳибихтиёру комилҳуқуқ шинохтанд ва ба бузургии тамаддуну фарҳанги ниёгонамон арҷ гузоштанд. Дар умум, соли сипаригардида, соли бобароре буд ва аз он ҳамеша бо муҳаббат ва некӣ ёд хоҳем кард.

Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, котиби масъули рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”

СОЛЕ, КИ АЗ ДАСТОВАРДҲО ОРӢ НАБУД

Ман аз Худои меҳрубон сипосгузорам, ки иқболу барору комгориҳои хуберо дар соли 2021 лоиқам донист. Соле, ки рафт дар радифи дигар дарду сӯзу аламҳои ба синаи мо рехтааш аз муваффақияту дастовардҳо орӣ набуд. Банда чанде ба сифати муовини Сармуҳаррири Идораи барномаҳои “Мусиқӣ”-и “Радиои Тоҷикистон” фаъолият доштам. Чанде пеш, дақиқан як моҳ қабл, бо лутфу меҳрубонӣ ва қадрпазирии роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати кору фаъолиятам, маро минҳайси Сармуҳаррири Идораи барномаҳои “Ҷавонӣ, варзиш ва сайёҳӣ”-и Радиои Тоҷикистон интихоб карданд, ки ин бар дӯши ман масъулияту рисолати дигареро вогузошт. Умедворам бо ҳайати 21-нафараи кормандони идора дар соли нав бо ғояву нақшаҳои тоза ба шунаванда дуруд мегӯем. Ҳамчунин, боиси ифтихору рӯсурхии ман аст, ки дар радифи чеҳраҳои намоёну шуҳратёри ҷумҳурӣ, ки асосан дар қироати матни филмҳои ҳуҷҷатӣ (президентӣ) ҷалб мегарданд, банда низ ба сифати ровӣ даҳ қисми филмҳои ҳуҷҷатиро, ки бахшида ба таҷлил аз 30-солагии Истиқлоли меҳан таҳия гардида буданд, қироат кардам. Баробари бар зима гирифтани ин масъулият, яъне сармуҳаррирӣ, саҳифаеро дар макони маҷозии иҷтимоии фейсбук бо унвонии Идораи “Ҷавонӣ, варзиш ва сайёҳӣ”-и “Радиои Тоҷикистон” фаъол кардам, ки аз ҷараёни пахшҳои мустақим ва ҳам мусоҳибаҳои кормандон дар бахшу мавзуъҳои мухталифу мубрам, аксу навор ва нигоштаҳои дорои дарки мафҳуму муҳтаво аз рафти барномаҳо нашр мешаванд. Бо дасту дилу нияти пок дар оянда баҳри рушду пешрафти кор иқдомҳои созандаи дигар низ дорем.

Дилшод АЛСАМАДОВ, сармуҳаррири Идораи барномаҳои “Мусиқӣ”-и “Радиои Тоҷикистон”

СОЛИ МУВАФФАҚИЯТҲО ДАР САМТИ МАОРИФ

Соли 2021 барои тамоми омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаву олӣ соли барору комёбӣ буд. Маҳз дар даврони истиқлолият соҳаи маориф ба маротиб рушд намуда, сафи муассисаҳои таълимии замонавӣ, олимони ҷавону равшанфикр, гирандагони стипендияҳои сатҳи воло, мутахассисони соҳибтаҷриба бағоят зиёд гардиданд, ки ҳамаи ин аз заҳмату ғамхориҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳанд. Ин гуфтаҳоро бо суханони Пешвои миллат, ки дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олӣ ироа намуданд, тақвият бахшидан айни муддаост: “Дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳоло шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба 2 миллиону 200 ҳазор нафар расидааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд”.
Воқеан ҳам, ин ғамхориву дастгириҳои Роҳбари давлатамон мо – омӯзгорони пиру барноро водор месозад, ки ба қадри ин неъматҳои истиқлол расему дар соли оянда барои беҳтар гардидани сатҳу сифати таълим, тарбия ва соҳибэҳтиром гардидани хонандагон бештар аз пештар кӯшиш намоем.
Бахтовари АҲМАД, омӯзгори МТМУ №62-и ноҳияи А.Ҷомӣ

СОЛИ ФАРОВОНӢ ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗӢ
Бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2021 баҳри тақвият бахшидани рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла парандапарварӣ ва моҳидорӣ, воридоти чорвои зотӣ ва хӯроки чорво, воридоти техникаи таъиноти кишоварзӣ имтиёзҳои андозию гумрукӣ амали шудаанд. Ҳамзамон, соли сипаригаштаистода тибқи иқдоми Роҳбари давлат баҳри дастгирии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ тамоми кишоварзони мамлакат аз пардохти андози ягонаи замин озод буданд. Соли 2021 барои кулли кишоварзон ва истеҳсолкунандагони молу маҳсулоти кишоварзӣ новобаста аз давраи пандемия ва дигар мушкилоти пешомада, соли бобарор, фаровонии ҳосил ва иҷрои барзиёди нишондиҳандаҳои соҳаи кишоварзӣ буд.

Лоиқ Туйчиев, сардори шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: