Паёми шодбошӣ ба муносибати соли нави мелодии 2022 31.12.2021 08:00, шаҳри Душанбе1-01-2022, 11:00
Хабарро хонданд: 176 нафар
Назарҳо: 0
Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2022 самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо тандурустӣ, иқболи нек ва рӯзгори обод орзу менамоям. Соли 2021, ки сипарӣ шуда истодааст, барои Тоҷикистони азизи мо соли воқеан таърихӣ гардид. Дар соли 2021 истиқлолияти давлатии тоҷикон, яъне давлати миллии мо сисола шуд ва мардуми шарифи Тоҷикистон ин санаи муқаддасу бузургро бо ифтихору сарфарозӣ ва шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифтанд. Аз ин лиҳоз, соли 2021 дар таърихи давлатдории навини миллии тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Вобаста ба ин, мехоҳам бо қадрдониву ифтихор хотирнишон созам, ки мардуми шарафманду заҳматдӯсти мо, соҳибкорону тоҷирони ватандӯст ва шахсони саховатпеша ба хотири истиқболи арзандаи ин ҷашни бузурги миллӣ сарҷамъу аҳлона кор карданд ва садоқати худро ба Ватан ва арзишҳои истиқлолияту озодии сарзамини аҷдодии худ исбот намуданд. Дар натиҷаи заҳмати софдилона, фаъолияти содиқона ва саъю талоши ватандӯстонаи халқи Тоҷикистон тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар то дурдасттарин деҳот ва маҳалҳои аҳолинишин хеле ободу зебо гардида, бисёр мушкилоти иҷтимоии сокинони мамлакат бартараф карда шуданд. Соли 2021 кишвари соҳибистиқлоли мо дар ҳамаи соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, шароити зиндагии халқамон дар муқоиса бо солҳои пешин беҳтар шуд ва нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам тақвият пайдо кард. Дар баробари ин, таъкид месозам, ки вазифаҳои Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ҷодаи таъмин намудани рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар барои панҷ соли оянда, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатӣ ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ муайян ва мушаххас мебошанд. Ҳоло вазифаи ҳар яки мо – шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол аз он иборат аст, ки ба хотири иҷрои ҳадафҳои дар наздамон қарордошта ва нақшаву барномаҳои қабулкардаамон боз ҳам бештар заҳмат кашем. Зеро дар баробари дастоварду пешравиҳои то имрӯз ноилшудаамон дар зиндагии мардумамон ҳанӯз мушкилоту масъалаҳои зиёди ҳалталаб вуҷуд доранд. Лекин хотиррасон месозам, ки бовари мо барои ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда, яъне таъмин намудани зиндагии осудаву босаодати халқамон, фардои ободи Ватан ва таҳкими иқтидори иқтисодии давлат қавӣ ва қатъӣ мебошад. Барои расидан ба ҳадафҳои некамон ва иҷрои нақшаву барномаҳои созандаамон мо захираву имкониятҳои зарурӣ ва муҳимтар аз ҳама, мардуми ватандӯсту заҳматқарин ва бонангу номус дорем. Ҳамватанони мо хуб огоҳанд, ки вазъияти минтақа ва ҷаҳон торафт мураккабу пешгӯинашаванда гардида, илова бар ин, мушкилоти глобалӣ – гармшавии иқлим, хушксоливу камобии пайиҳам, болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ, сӯзишворӣ ва камчин шудани маводи озуқа боиси ба вуҷуд омадани бисёр масъалаҳои мубрам дар ҳаёти аҳли башар гардида истодааст. Дар чунин шароит мо бояд кӯшиш кунем, ки аз захираву имкониятҳои мавҷуда ҳарчи самараноку оқилона истифода карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро афзоиш диҳем, бозори истеъмолӣ, яъне талаботи мардумро бо маводи ғизоӣ боз ҳам беҳтар таъмин кунем, иқтидори содиротии кишварро тақвият бахшем ва ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ эътибори аввалиндараҷа зоҳир намоем. Дар паёми Роҳбари давлат солҳои 2022 – 2026 «Солҳои рушди саноат» эълон гардиданд. Мақсад аз ин ташаббус дар доираи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар такони ҷиддӣ бахшидан ба пешрафти саноат мебошад. Рушди саноат яке аз омилҳои муҳимтарини тараққиёти давлат, афзоиши даромади буҷет, бо молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ таъмин кардани сокинони кишвар ва фароҳам овардани даҳҳо ва садҳо ҳазор ҷойи нави кор барои ҳамватанонамон ба ҳисоб меравад. Ба ҳамватанони азиз муроҷиат карда, як нуктаи муҳимро хотирнишон менамоям, ки бо анҷом ёфтани соли 2021, яъне сиюмин солгарди истиқлолияти давлатӣ ва фаро расидани соли 2022 кишвари мо ба марҳалаи нави рушди худ ворид мегардад. Тамоми саъю талоши мо дар ин давра бояд ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон, минбаъд низ пешрафтаву нерӯманд намудани давлати соҳибистиқлоламон, аз имрӯза беҳтар сохтани шароити зиндагии халқамон ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрӯи давлати соҳибихтиёри тоҷикон, яъне бо дастовардҳои арзанда истиқбол намудани ҷашни бузурги 35-солагии истиқлолу озодии Тоҷикистони биҳиштосоямон равона карда шавад. Бо изҳори итминон ба амалӣ гардидани нияту нақшаҳои некамон бори дигар тамоми мардуми шарифи кишварро ба ифтихори фарорасии соли нави мелодии 2022 самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони мамлакат тандурустиву хушбахтӣ, иқболи нек ва файзу баракат орзу менамоям. Соли нави мелодии 2022 муборак бошад, ҳамватанони азиз! facebooktwitter |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.