Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷамъбастии фаъолияти кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд барои соли 2021

Ҷамъбастии фаъолияти кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд барои соли 2021

26-01-2022, 08:10
Хабарро хонданд: 187 нафар
Назарҳо: 0
Ҷамъбастии фаъолияти кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд барои соли 2021
Дар маҷлисгоҳи асосии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд барои соли 2021 баргузор гардид. Дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, муовини Раиси вилояти Суғд, Анвар Яъқубӣ, аъзоёни кумиҷроия, раисони кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо, собиқадорони ҳизб, фаъолон, намояндагони Васоити ахбори омма ва дигар шахсони даъватшуда иштирок намуданд. Маҷлисро Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ҳусни ифтитоҳ бахшида, оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар соли 2021 гузориш дод. Аз ҷумла дар баромад таъкид шуд, ки дар соли таърихӣ кумиҷроияи вилоятӣ ба ҷалби аъзои нав диққати ҳамаҷониба дода, аз ҳисоби ҷавонон ва занони дониши баланди мафкуравидошта сафҳоро зиёд намуд. Шумораи аъзоён дар вилоят ба 157 ҳазору 430 нафар расид, ки аз он 88 ҳазору 824 нафар (56,43%)- ро занҳо ва 61 ҳазору 59 нафар (38,79%)-ро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар ин самт кумиҷроияҳои шаҳру навоҳии Ашт 1390 нафар, Хуҷанд – 1242 нафар, Исфара – 1236 нафар, Конибодом – 645 нафар, Бӯстон 627 нафар ва Истаравшан – 623 нафар сафи аъзоёни ҳизбро афзун намуданд. Барои баланд бардоштани масъулияти ҳизбии аъзо дар ҳамаи кумиҷроияҳову ташкилотҳои ибтидоӣ амалиёти “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман” роҳандозӣ гардид, ки он самараи дилхоҳ ба даст овард ва ба ин амалиёт 126244 нафар аъзои ҳизб фаро гирифта шуданд. Дар давраи ҳисоботӣ 48 адад ташкилоти ибтидоии ҳизбии нав таъсис дода шуда, ба ҳолати 1 январи соли равон шумораи он дар вилоят ба 1413 адад расид. Барои густариши фаъолият, пешрафти низоми корбарии ҳизбӣ, дуруст ба роҳ мондани кор бо аъзо донишу таҷрибаи андӯхта дар курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар мавзӯи “Оиннома ва Барномаи ҲХДТ – меҳвари фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ”, ки бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ ва шахсан муовини якуми Раиси ҲХДТ муҳтарам Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор доир шуд, таккони бузурге бахшид. Он таҷрибаю малакаи андӯхта аз семинари омӯзишӣ бо иштироки раисони кумиҷроияҳои шаҳру навоҳии вилоят дар рӯзҳои ҳизб дар шаҳри Панҷакент натиҷагирӣ шуда, зимни азназаргузарони беш аз 71 ташкилотҳои ибтидоии ҳудуди шаҳр таклифҳои судманд ҷиҳати пешрафти фаъолият дода шуд.Мавсуф дар идомаи баромад оид ба тадбирҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлоли миллӣ, раванди муқосакунии аъзоён, татбиқи Барномаи “Маҳзани ягонаи электронии аъзои ҲХДТ”, ҷараёни баргузории ҳамоишҳои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” таҳти унвони “Тоҷикистон ба пеш”, натиҷабардорӣ аз озмунҳои “Мо бо Шумоем”, “Нақши китоби “Тоҷикон” дар шинохти асолати миллӣ”, мусобиқаҳои варзишии футбол ва каратэ, тақвияти пойгоҳи моддиву техникии кумиҷроияҳо, ҳамкорӣ бо ВАО, дастгирӣ нисбат ба ниёзмандон, беморон, собиқадорон, хулосагирӣ аз натиҷаи обуна барои соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2022 сухан ронд. Оид ба натиҷаи фаъолияти корӣ раисони кумиҷроияҳои шаҳру навоҳии Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, Гулистон, Ҷамолиён Муслимахон ва Ашт Хушнуд Каримов ба музокира баромаданд. Муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ салому паёми Раиси вилоят, аъзои Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ Раҷаббой Аҳмадзодаро ба аҳли нишаст расонида, дар баромадаш аз ҷумла таъкид дошт, ки Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар Анҷумани 14-уми ҳизб вазифаҳои ҳизбиёнро дар ҳафт соли оянда муайян намуда, аз ҷумла таъкид намуданд, ки “Вазифаи мо ҳизбиён аз он иборат аст, ки ғояҳои асосии давлатдорӣ ва давлатсозии навини тоҷиконро дар байни мардум фаъолона тарғибу ташвиқ карда, на танҳо рисолати инсонӣ, балки мақсаду мароми ҳизбиямонро бо масъулияти баланд иҷро кунем”. Дар ин росто, қабул гардидани Барномаи амал барои солҳои 2021-2027 таҳти унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” ба ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла таъмини рушди устувори иқтисодӣ, саноатикунонии босуръати кишвар, ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди нерӯи инсонӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ ҳизбиёнро раҳнамоӣ хоҳад кард. Мавсуф ба фаъолияти бомароми ҳизбиён ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза аз бемории сироятии КОВИД – 19 баҳои баланд дода, таъкид дошт, ки ду соли сипаригардида, новобаста аз мушкилоти паҳн гардидани бемории сироятиии КОВИД -19 Ситоди ҷумҳуриявӣ ва вилоятии пешгирӣ ва мубориза бо бемории КОВИД -19 самаранок фаъолият намуд, ки дар ин замина ҷиҳати ба даст овардани мувафаққиятҳо саҳми аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хеле назаррас аст. Баргузории аксия ва чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ дар кӯчаву хиёбон, бозор, маркази савдо, гулгашту боғҳо, бо усули кӯча ба кӯча ва хона ба хона боис бар он гардиданд, ки шиддати ин беморӣ кам гардад. Муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ зимни суханронӣ қайд намуд, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд яке аз калонтарин ташкилоти ҳизбии кишвар маҳсуб ёфта, 157 ҳазору 430 аъзо дар 1413 ташкилотҳои ибтидоӣ сарҷамъ омадааст. Албатта ин нерӯи бузург барои тарғибу ташвиқи дастовардҳои навини соҳибистиқлолии мамлакат самаранок равона мегардад. Дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор гардидани ҳамоиши Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, ки бо иқдоми Кумиҷроияи вилоятӣ дар ҳамаи 18 шаҳру навоҳии вилоят таҳти унвони “Тоҷикистон ба пеш” бешубҳа масъулияти аъзои ҷавони ҳизбро боз ҳам қавитар намуд. Гузашта аз ин, ба фаъолияти ташкилот таккони бузурге бахшид. Итминон дорам, ки ин ҳамоиш дар солҳои минбаъда низ идома ёфта, ҷонибдорону пайравони зиёди худро меёбад. Доир шудани иқдомҳои созандаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ “Мо бо Шумоем”, китоби ”Тоҷикон” дар шинохти асолати миллӣ” барои боз ҳам баланд бардоштани эҳсоси худшиносӣ, нигоҳи баробар дар ҷомеа байни наврасону ҷавонон заминаи мустаҳкам гузошт. Умедворем, ки дар соли таърихии 2022 чунин ташаббусҳои маданиву маърифатӣ аз ҷониби ҳизбиёни вилояти Суғд низ ба вуқуъ мепайвандад. Дар идомаи кори ҷаласа ҳозирин нақшаи чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд вобаста ба тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 21 декабри соли 2021, нақшаи фаъолияти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд барои соли 2022, фармоишҳои Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар давраи шашмоҳаи дуюми соли 2021 тасдиқ намуданд.Дар Маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд барои соли 2021 якчанд фаъолони ҳизб, Ғолибони озмуни вилоятии “Кумитаи иҷроия, ташкилоти ибтидоӣ ва шуъбаи беҳтарин”-и КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, инчунин КИ ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баҳри саривақт ва сифатнок иҷро намудани маъракаи “Обуна 2022” ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” бо сипоснома тӯҳфаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва кумитаи иҷроияи вилоят қадршиносӣ гардидаанд. Бо ҳамин кори маҷлиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳусни хотима бахшид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: