Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ХУҶАНД: Ҷаласаи ситоди обуна “2022” баргузор гардид

ХУҶАНД: Ҷаласаи ситоди обуна “2022” баргузор гардид

6-08-2021, 09:51
Хабарро хонданд: 173 нафар
Назарҳо: 0
ХУҶАНД: Ҷаласаи ситоди обуна “2022” баргузор гардид
Дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии ситоди «Обуна – 2022” бо иштироки аъзои ситод, аъзои кумиҷроия ва фаъолони ҳизб доир гардид.

Раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Маликисломӣ Наим Мунаввар ҷараёни қабули обунаро натиҷагирӣ намуда, зикр дошт, ки дар ин самт корбарӣ ҷоннок карда шавад. Вобаста ба вусъати қабули обуна аъзоёни кумиҷроия муваззаф шуданд, ки дар ташкилоту муассисаҳо зарурати обунашавиро фаҳмонанд. Зеро нашрияҳои ҳизбӣ воситаи хуби иттилоърасонӣ ва минбари баёни андешаҳо маҳсуб меёбад.

Масъулони кумитаҳои иҷроияи ибтидоии “Сомон”, “Ииқилоб”, “Муҳаммад Осимӣ”, ташкилотҳои ибтидоии “Коллеҷи омӯзгорӣ”, соҳаҳои роҳу нақлиёт, савдо, сохтмон ва бонкҳо зимни ҷаласа аз оғози қабули обуна ва дар рӯзҳои наздик иҷро шудани меъёри обуна хабар доданд.

Раиси кумиҷроия аз кормандони дастгоҳи кумиҷроия ва аъзои кумиҷроия даъват ба амал оварданд, ки бо аъзоён бештар вобаста ба обуна корбарӣ намоянд.

Дар идомаи кори ҷаласа раиси кумиҷроия вобаста ба пардохти аъзоҳаққӣ, қабули аъзо, вусъати корҳо дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва баргузории хонишҳои сиёсӣ, насби шиору овезаҳо, кор дар самти махзани ягонаи ахбор, ҷоннок намудани корҳо байни бонувон ва ҷавонон, омодагии ба 30 – солагии Истиқлоли миллӣ ба ҳозирин дастуру супоришҳо дод.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: