Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ХУҶАНД: ФАЪОЛИЯТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД ДАР СОЛИ 2021 НАТИҶАГИРӢ ШУД

ХУҶАНД: ФАЪОЛИЯТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД ДАР СОЛИ 2021 НАТИҶАГИРӢ ШУД

13-01-2022, 08:29
Хабарро хонданд: 255 нафар
Назарҳо: 0
ХУҶАНД: ФАЪОЛИЯТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД ДАР СОЛИ 2021 НАТИҶАГИРӢ ШУД
Маҷлиси ҷамъбастии солонаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар кори он Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода, раисони кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ, ташкилотҳои ибтидоӣ, собиқадорони ҳизб, аъзоёни фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва аъзоёни фаъоли кумиҷроияи шаҳрӣ ширкат доштанд.Маҷлисро Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ифтитоҳ намуда, бо рӯзномаи маҷлис иштирокдоронро шинос кард ва оид ба бурду бохти кумиҷроияи шаҳр дар соли 2021 ахборот дод. Сипас, муовини раиси кумиҷроия Муҳаббат Ӯрунбоева дар бораи фаъолияти ситоди “Обуна-2022” ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” маълумоти муфассал пешниҳод намуд.Ҳамчунин муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Умедбахш” дар назди беморхонаи вилоятии бачагона Нуриддин Ашӯров ва муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Олами афсона” Дилором Очилова оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии хеш гузориш доданд.Аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Нақши китоби “Тоҷикон” дар шинохти асолати миллӣ” Фарҳод Ҳоҷиев ба музокира баромада, арзи миннатдории худ ва ҷавононро ҷиҳати дастгирӣ ва ҳавасмандии эшон дар иштироки озмунҳо баён дошт.Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода баромад намуда, оид ба саҳми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати бурдани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар самти пешгирии амалҳои номатлуб, ҷалби шаҳрвандон ба корҳои ободониву бунёдкорӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмарра ибрози андеша намуд.Ҳамзамон Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон дар баромади хеш таъкид кард, ки кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд ташаббускор ва намунаи ибрат ба дигар кумиҷроияҳои шаҳру ноҳияҳо буда, дар ҳама самт пешравиро нишон медиҳад. Раиси кумиҷроияи вилоятӣ фаъолияти кумиҷроияи шаҳрро қаноатбахш арзёбӣ намуд ва барои фаъолияти минбаъда, ҷиҳати пешрафт ва ҷоннок намудани кори ҳизбиёни шаҳр маслиҳатҳои муфид дода, барору комёбиҳо таманно кард. Тибқи рӯзномаи маҷлис аз ҷониби аъзои кумиҷроия нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд барои соли 2022 ва нақшаи тарғибу ташвиқи Паёми Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.Доир ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.Дар фарҷоми маҷлис ғолибони озмуни “Ташкилоти ибтидоии беҳтарин” бо тӯҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд. Ёдовар бояд шуд, ки тибқи хулосаи комиссия дар озмуни мазкур, ки бо иқдоми Кумиҷроияи вилоятӣ эълон гардида буд, ҷои аввалро ташкилотии ибтидоии “Фурӯзон”дар назди идораи Шабакаҳои барқи Хуҷанд, ҷои дуюмро ташкилоти ибтидоии “Олами афсона” дар назди Кӯдакистони Президентӣ ва ҷои сеюмро ташкилоти ибтидоии “Умедбахш” дар назди беморхонаи вилоятии бачагона ишғол карданд.Ҳамчунин якчанд нафар собиқадорони ҳизб, тарғиботчиёни беҳтарин ва аъзоёни фаъол бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: