Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуданд Январь 10, 2022 13:4510-01-2022, 14:31
Хабарро хонданд: 197 нафар
Назарҳо: 2
10 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.
Кори иҷлосия таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон, Раиси Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Никол Пашинян сурат гирифт. Тавре таъкид гардид, 10 январ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба хотири гиромидошти қурбониёни бетартибиҳои оммавӣ рӯзи умумимиллии мотам эълон гардид ва иштирокчиён кори иҷлосияро бо дақиқаи хомӯшӣ оғоз карданд. Дар кори иҷлосия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Акилбек Жапаров ва Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Зас иштирок намуданд. Иштирокчиёни иҷлосия масъала “Дар бораи вазъ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва тадбирҳои муътадилсозии он”-ро муҳокима карданд. Аъзои Шӯрои амнияти дастҷамъӣ оид ба вазъ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва таъсири он ба амнияти кишварҳои аъзои СААД мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор карда, аз ҳолати мураккаби имрӯза дар Қазоқистон изҳори нигаронӣ намуданд. Дар ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суханронӣ карда, дар бораи вазъ дар Қазоқистон ва чораҳои ба эътидол овардани он маълумоти муфассал дод. Дабири кулли СААД Станислав Зас дар бораи иҷрои қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар самти расонидани кумак ба Ҷумҳурии Қазоқистон гузориш дод. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ изҳор доштанд, ки Тоҷикистон аз иқдомоти раҳбарияти Қазоқистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ ва барқарор намудани тартибот дар ҷумҳурӣ ҷонибдорӣ мекунад. Сарвари давлат таваҷҷуҳи аъзои Шӯроро ба мавҷудияти ячейкаҳои хуфтаи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва радикализм дар кишварҳои узви СААД, инчунин талошҳои ҷалбу таблиғоти онҳо дар байни шаҳрвандон ҷалб намуданд. Дар ин замина Эмомалӣ Раҳмон хостори таҳкими фаъолияти муштараки ҳамаҷонибаи мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви СААД дар муқобила бо ин чолишҳо ва таҳдидҳо шуданд. Президенти Тоҷикистон ҳамчунин оид ба як қатор ташаббусҳо, аз ҷумла зарурати таҳияи низоми ҳифзи фазои иттилоотӣ изҳори назар намуданд. Сарони давлатҳои аъзои СААД аҳамияти барқарор кардани амният ва субот дар Қазоқистонро таъкид карданд. Дар ҷараёни кори иҷлосия иштирокчиён оид ба таъмини амният дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва пешгирии таъсири он ба амнияти кишварҳои аъзо як қатор таклифу пешниҳодҳоро ба миён гузоштанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.