Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Иҷлосияи ғайринавбатии ШАД СААД имрӯз таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад

Иҷлосияи ғайринавбатии ШАД СААД имрӯз таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад

23-08-2021, 11:20
Хабарро хонданд: 159 нафар
Назарҳо: 0
Иҷлосияи ғайринавбатии ШАД СААД имрӯз таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 23.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 23 август иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (ШАД СААД) дар шакли видеоконфронс баргузор мешавад. Ҷаласа таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ШАД СААД муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.

Қарор аст дар иҷлосия вазъ дар Афғонистон ва таъсири он ба амнияти кишварҳои узви СААД, инчунин вокуниши муштараки муассир ба чолишҳо ва таҳдидҳои эҳтимолии фаромарзӣ баррасӣ шаванд.

Дар иҷлосия Президенти Беларус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Сарвазири Арманистон Никол Пашинян ва Дабири кулли СААД Станислав Зас иштирок хоҳанд кард.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода буд, моҳҳои июл ва августи соли равон Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Русия Владимир Путин се маротиба вазъ дар Афғонистонро баррасӣ намуда буданд. Дар ҷараёни суҳбати 18 август сарони ду давлат «ҳамоҳангии минбаъдаи талошҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро ҷиҳати таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон ва муосидати ҳамаҷониба ба раванди ҳалли сулҳомези қазияи Афғонистон ҷонибдорӣ намуданд».

Ёдовар мешавем, ки 15-16 сентябри 2021 дар Душанбе иҷлосияи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор мегардад. Бино бар ин, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ лутфан хоҳиш менамояд, ки ҷиҳати иштироки худ дар пӯшиши иттилоотии чорабинии мазкур то 25 августи 2021, соати 16:00 ба Раёсати иттилоот ва матбуоти вазорат тариқи почтаи электронии pressaccreditation@mfa.tj (телефон +992-37-221-43-69; +992-37-221-83-95) муроҷиат карда, маълумот пешниҳод намоянд:

Мавриди зикр аст, ки барои вуруд ба Тоҷикистон ва маконҳои баргузории чорабиниҳо намояндагони ВАО-ро зарур аст бо худ гувоҳнома дар бораи гузаронидани иммунизатсия бар зидди COVID-19 ва маълумотнома дар бораи мубтало набудан ба COVID-19 — натиҷаи манфии PCR-тестро, ки давоми 72 соат (3 шабонарӯз) қабл аз баргузории ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД гирифта шудааст, дошта бошанд.

Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ — созмони байналмилалии амниятӣ буда, дар айни замон аъзои он шаш давлат: Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон мебошанд. Аҳднома оид ба амнияти дастҷамъӣ соли 1992 дар Тошканд ба имзо расид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: