Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Коршиноси масоили сиёсӣ З. Давлатов: «Ҳодисаҳои Қазоқистон баёнгари онанд, ки он ҷо таҳаввулоти ҷиддитаре дар ҳоли шаклгирист»

Коршиноси масоили сиёсӣ З. Давлатов: «Ҳодисаҳои Қазоқистон баёнгари онанд, ки он ҷо таҳаввулоти ҷиддитаре дар ҳоли шаклгирист»

12-01-2022, 07:17
Хабарро хонданд: 119 нафар
Назарҳо: 0
Коршиноси масоили сиёсӣ З. Давлатов: «Ҳодисаҳои Қазоқистон баёнгари онанд, ки он ҷо таҳаввулоти ҷиддитаре дар ҳоли шаклгирист»

Ҳодисаҳои 2-7 январи соли 2022 дар Қазоқистон рухдода баёнгари онанд, ки он ҷо таҳаввулоти ҷиддитаре дар ҳоли шаклгирист. Дар ин бора сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Зубайдулло Давлатов вобаста ба даргириҳои ахир дар Қазоқистон дар матлабе, ки имрӯз АМИТ «Ховар» нашр намуд, изҳор доштааст.

Ба андешаи коршинос, садо баланд кардани гурӯҳҳои ифротӣ дар ин кишвар ба хотири ҷалби миллигароҳо баёнгари он аст, ки ҳам барои Осиёи Марказӣ ва ҳам барои Авруосиё таҳдидҳои ҷиддӣ дар роҳанд. «Аммо дар Қазоқистон то ҳол гурӯҳҳои ифротиро ҷиддӣ намегирифтанд ва фикр мекунам, дар шинохти ин гурӯҳҳо талоши ҷиддие анҷом намешуд. Ҳоло аз ин вазъ гурӯҳҳои норозии дигар ҳам метавонанд истифода кунанд. Аммо фикр мекунам, ки вазъ ором мешавад ва ин ҷо нооромиҳо идома нахоҳанд ёфт», — тазаккур додааст З. Давлатов.

Ҳар гуна нооромиҳо дар Қазоқистон, ба ақидаи коршинос, метавонанд ба кишварҳои ҳамсоя таъсири манфӣ расонанд, зеро Ҷумҳурии Қазоқистон аз нигоҳи ҷуғрофӣ ва нуфуз калон аст.



«Аҳамияти иқтисодии Қазоқистон барои Тоҷикистон хеле калон аст. Роҳҳои транзитии Қазоқистон ба Русияву Аврупо ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои кишварҳои минтақа роҳҳои ҳаётӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳамлаҳо ба идораҳои давлатӣ, бонкҳо, беморхонаҳо кори дасти ифротиён аст, вале дигар омилҳоро низ бояд ба инобат гирифт. Зеро пушти ҳамаи ин низоъҳо коргардонҳои аслии он меистанд, тавре Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев ба ин нукта сароҳатан ишора намуд», — иброз медорад сардори раёсати МТС.

АКС: АМИТ “Ховар”
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: