AI: шиканҷа дар Қазоқистон беҷазо мемонад5-03-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 278 нафар
Назарҳо: 0
Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсони Amnesty International аз мақомоти Қазоқистон интиқод кард.
Ин созмон изҳор медорад, ки мақомоти Қазоқистон вазифадор шудааст дар сурати расидани хабарҳо дар бораи шиканҷа ва намудҳои дигари муносибати дурушти маъмурони ниҳодҳои интизомӣ ва зиндонҳо ин ҳодисаҳоро таҳқиқ кунад. Дар гузориши "Ҷазои маҳкумшуда. Бе ҷазо мондани шиканҷа дар Қазоқистон", ки имрӯз нашр шуд, AL хабар медиҳад, ҳамасола ба ин созмон садҳо хабари истифода аз шиканҷа ва намудҳои дигари муомилаи дурушт мерасанд. Мудири барномаи AL дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Ҷон Далхуисен гуфт, ки "давлат имкони таҳқиқи мавридҳои шиканҷа ва ҷазо додани айбдоронро надорад ва ин вазъ қурбониёни чунин муносибатро дар ҳолати ноумедӣ ва таҳқир мегузорад". Далхуисен афзуд, ки қурбониёни шиканҷа дар Қазоқистон водор мешаванд ба оилаи худ ва миқдори маҳдуди созмонҳо ва вакилони дифое умедвор шаванд, ки ба мубориза бо шиканҷа содиқанд. Онҳо якҷо роҳи берун омадан аз бероҳаи бозбинии бешумор ва радди таҳқиқи хабарҳои шиканҷаро ҷустуҷӯ мекунанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.