Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ситорашиносон мегӯянд...

Ситорашиносон мегӯянд...

4-01-2022, 16:55
Хабарро хонданд: 158 нафар
Назарҳо: 0
Ситорашиносон мегӯянд...
Албатта соле, ки сипарӣ гардид, бо ҳама бурду бохти худ дар сафҳаи к таърих бо хатҳои заррин абадан навишта шуд ва онро ояндагон баъди садсолаҳо хоҳанд хонд.

Соли 2021 чӣ гуна сол буд?

Албатта соле, ки сипарӣ мегардад ба худ рангининиҳо ва лаҳзаҳои хотирмони зиёде дорад. Соли 2021 барои мардуми тоҷик бобарору пурбаракат буд ва баҳрамон подоши хубе овард. Пеш аз ҳама 30-юмин солгарди ҷашни Истиқлолиятро бо шукӯҳу шаҳомоти хоса пешвоз гирифтем ва шоҳиди пешравиҳо ва комёбиҳои беназир дар ҷодаи сиёсат, фарҳанг, иҷтимоиёт ва дигар соҳаҳои давлатдориамон шудем. Соли гузашта, бемории Ковид-19 аз сарзамини мо фирор кард ва мардум нафаси тоза кашиданд. Вале мутаассифона ин беморӣ ҳанӯзам дар миқёси ҷаҳонӣ ҳукмфармоӣ дорад.
Ситорашиносон қайд кардаанд, ки соли сипаришуда барои мардуми сайёра хеле ноаён гузашт. Сабаби инро дар мушкилиҳои ба сари мардум омада, бахусус бемории “Ковид-19” медонанд.

Соли 2022 ба мо чӣ медиҳад?

Дар ҳама давру замон инсоният новобаста ба қавму миллат дину оин ояндаи худро донистан мехоҳад. Оянадаи моро ситорашиносон аз рӯи мизони ситораҳо , ҳолати бурҷҳои осмонӣ, гардиши кайҳон ва тағйироти он баён месозанд, ки барои ҳар шахс мароқовар аст. Шояд на ҳамаи он гуфтаҳо дуруст бошанд, аммо дар ҳар сурат шунидан ва ё хондани гуфтаи онҳо броямон шавқангез аст.
Ситорашиносон мегӯянд , ки соли 2022 чун соли паланг аст, баъзе хусусияту хислати ин ҳайвони нерумандро ба худ дорад. Нерумандӣ, тавоноӣ,дар ниҳоди мардум зиёд мешавад ва чун паланг гармиро дӯст медорад, табиат нисбат ба солҳои пешин гармтар мешавад. Имсол ҳам чун соли гузашта дар назар ноаён ба итмом мерасад.
Дар соли 2022 инсоният ҳодисоту воқеотеро мебинад, ки барояш афсонавӣ ва хотирмон аст.

Оё бемории Ковид-19 нест мешавад?

Мутаассифона мушкилоте, ки оламро фаро гирифтааст, бемории Ковид-19 мебошад, ки то имрӯз миллионҳо одамонро ба коми марг кашидааст ва хуруҷи он то ҳанӯз, бахусус дар мамлакатҳои ғарбу Амрико идома дорад.
Мувофиқи пешгӯии ситорашиносон ин беморӣ имсол аз байн намеравад, зеро он дар даврае оғоз ёфтааст, ки ситораи зуҳал бо ҷирми далв, ки он дар толеънома ёдрас шудааст, 22 марти соли 2020 омезиш ёфта, ин бемориро ба вуҷуд овардааст ва он танҳо баъди аз ҷирми зуҳал баромадани далв ба итмом мерасад ва ин ба 7 марти соли 2023 рост меояд. Вале инсоният дар соли 2022 аз болои бемории “Ковид-19” ғалаба мекунад. Доруву дармонҳо ёфта, онро маҳв месозад ва ҳамаи ин аз 5 апрели соли 2022 оғоз меёбад. Тамоми дарҳои ба рӯи инсоният аз тарси ин беморӣ баста, (карантин) кушода мешаванд ва одамон озодона дар кӯчаю бозорҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ сайр мекунанд.

Чӣ таҳрикоте дар иқтисодиёт дида мешавад?

Пеш аз ҳама пандемияе, ки ба сари мардуми сайёра омад, ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ таъсири ниҳоят бад расонд, ки подоши он то ҳанӯз барои мо назаррас аст. Пастшавии қурби пул (инфлатсия), баландравии нарху навоҳо, таназзул ёфтани соҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ то имрӯз идома дорад. Ин аз мо тақозои онро дорад, ки бештар бояд донишҳои иқтисодиямонро афзун кунем, сарфакору эҳтиёткор ва ояндабин шавем. Ситорашиносон мегӯянд, ки ин ҳолат тақрибан яку ним соли дигар идома меёбад ва баъдан рӯзгори мо рӯ ба беҳбудӣ оварда, ба худ рангу намуди нав мегирад, иқтисодиёт рушд мекунад ва зиндагӣ хубу гуворо мешавад. Дар ҷаҳон усулҳои нави муомилоти пулӣ пайдо мегарданд ва реформаи пулӣ баргузор хоҳад шуд. Дар мамлакатҳои пешрафта, муомилоти рақамии пулӣ оғоз меёбад ва одамон метавонанд ба тариқи офлайн ва онлайн харид карда, байни ҳамдигар муомулоти пулӣ кунанд. Дар мамлакати мо низ айни ҳол чунин муомилоти пулӣ ба роҳ монда шудааст.

Боду ҳаво дар соли нав
Боду ҳавои соли 2022 мувофиқи пешгӯии ситорашносон як андоза номусоид меояд, вале номусоидии он на ба ҳама давлатҳо рост меояд.Дахолати он бештар ба мамлакатҳои ғарб рост меояд. Дар давлатҳои Америка, Англия, Фаронса, Россия, Италия, Олмон сӯхтору обхезӣ, тӯфонҳои шадид ва ярчу тармафароиҳои зиёде ба вуқуъ мепайванданд. Дар ин давлатҳо тағйироти иқлим ба наазар мерасад ва моҳҳои август сентябр ин тағйиротҳо зиёд ба назар мерасанд. Моҳи ноябр дар баъзе аз давлатҳои аврупоӣ тӯфони шадид ба амал меояд ва хисороти зиёд ба иқтисодиёти онҳо мерасонад.
Дигар пайомадҳои Соли нав
Дар соли 2022 таваҷҷуҳи мардум ба илмҳои равоншиносӣ ва эзотерика (дохил, ҷаҳони ботин) зиёд мешавад. Инсоният ба ҳар зуҳуроти пешомада, бо андешаи солим ва баъзан бо иштибоҳот менигарад. Зудбоварӣ зиёд мешавад ва ба ҳама ҳодисоту воқеоти ба вуқуъ пайваста, дақиқан бо назари нек менигарад. Одамони алоҳида, бахусус фолбинону муллоҳо ва авомфиребону чоплусон барои ба даст овардани даромади муфт, ҳунару маҳорати чоплусонаи доштаашонро васеъ истифода мебаранд. Аз ин рӯ тавсия дода мешавад, ки дар ин сол аз чунин одамон эҳтиёт кардан даркор аст.
Дар охир ҳаминро мегӯем, ки новобаста ба пешгӯи ситорашиносон мо бояд ба ҳар зуҳуроти хуби зиндагӣ бо чашми нек нигарем ва барои беҳбуд бахшидани рӯзгорамон ҳамеша саъю кушиш намоем. Умед бар он дорем, ки Соли нав барои мо соли фараҳбахш, накӯ ва соли рӯзгори некамон мегардад ва ба гуфти яке аз сарватмандтарин одами дунёӣ Билл Гейтс: ” Соли 2022 барои инсоният дарҳои нави зиндагиро мекушояд ва мо бояд ба ин зиндагии нав одат намоем”.

Т. Орифӣ

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: