Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳавлӣ дар ивази як санги варзишии чӯянӣ

Ҳавлӣ дар ивази як санги варзишии чӯянӣ

25-02-2016, 06:00
Хабарро хонданд: 277 нафар
Назарҳо: 0
Ҳавлӣ дар ивази як санги варзишии чӯянӣ
Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳангомаи бесобиқа дар атрофи сангҳои чӯянии сохти шӯравӣ идома дорад.

Дар сомонаи эълонҳо харидоре барои як адад чунин санг омода аст то 10 ҳазор доллар пардохт кунад. Нафароне низ ҳастанд, ки чунин сангро бо ҳавлӣ дар наздикии Остона иваз кунанд.

Баъд аз пайдо шудани эълонҳо бештаре аз қазоқистониҳо барои харидани маводи варзишӣ ва соҳиб шудани фоида ба мағозаҳо рафтанд.

Дар бораи "бозори гарм"-и сангҳои чӯянии сохти шӯравӣ дар мусоҳиба ба шабакаи телевизионии КТК мураббии бошгоҳи варзишӣ дар шаҳри Актау қисса карда, гуфт, хоҳишмандон зиёд буданд ва бархе чунин сангро 700 доллар нарх карданд.

Дар вилояти Мангистауи Қазоқистон ҳатто ҳолатҳои дуздии сангҳои чӯянӣ аз манзили мардум рух дода, пулис ҷинояткорро ҷустуҷӯ мекунад.

Аммо то ҳол иттилоъ дар бораи нафароне, ки аз чунин тиҷорат фоида ба даст овардаанд, пахш нашудааст. Расонаҳо тахмин мезананд, ки ин шакли қадимии найранги ҷинояткорон аст.

Моҳе қабл шароити ба ин монанд дар кишвари дигари Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон мушоҳида шуда буд. Дар ин кишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ харидорон эълон карда буданд, ки бар ивази 10 ҳазор доллар сангҳои чӯянии сохти шӯравиро харидорӣ мекунанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: