Профессор Ҷаҳон Азонов ғизоҳоеро номбар кард, ки истеъмолашон ба беморони COVID-19 қатъиян манъ аст14-12-2021, 07:54
Хабарро хонданд: 276 нафар
Назарҳо: 0
Декабрь 13, 2021 13:40 ДУШАНБЕ, 13.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба беморони гирифтори коронавирус истеъмоли ғизоҳои сернамак, ширин ва тамоми намуди фасфудҳо қатъиян манъ мебошад, — гуфт имрӯз дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» ғизошинос, доктори илмҳои тиб, профессор Ҷаҳон Азонов. Бархе нафарон бар он андеша ҳастанд, ки гӯё истеъмоли машрубот аз COVID-19 пешгирӣ мекунад, ин тамоман хато аст. Истеъмоли маводи спиртӣ ба ҷигари инсон таъсири манфӣ мерасонад, зеро ҷигар манбаи асосии ба танзимоваранда ва ҳосилкунандаи ҳуҷайраҳои системаи масунияти бадан мебошад, ки бо истеъмоли машрубот мо ба он таъсири манфӣ мерасонем. Ғайр аз ин истеъмоли тамоми намуди ҳасибҳо, аз ҷумла ҳасибҳои дудин, ки аз консервантҳо ва маводҳои хуштамъкунанда иборатанд, бояд даст кашид. Инчунин, ба беморони гирифтори COVID-19 истеъмоли обҳои рангаи ширин, ки дар таркибашон маводҳои зиёди хушбӯйкунанда мавҷуд аст тавсия дода намешавад. Ҳатто онҳо бояд аз истифодаи маводҳои табиии хуштамъу хушбӯйкунанда даст кашанд, — афзуд мавсуф. Ба зикри профессор, беҳтар аст, ки беморон ба ҷои ин гуна маҳсулотҳо ба истеъмол меваю сабзавот рӯй оранд. Ҳамчунин, дар ғизои онҳо бояд маҳсулоти гӯштӣ, хусусан гӯшти гов мавҷуд бошад. Вале он набояд дорои чарбуи зиёд бошад. Зеро чарбу холестерини зиёд дошта, ҳолати беморони COVID-19 –ро вазнин мекунад. Бе ин ҳам зимни беморӣ ҳолати холестерин дар беморон зиёд шуда, лахтшавии худ ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ набояд боз холестерини бад ба бунияи беморон ворид намуд. Дар ин вақт бояд мо кислотаҳои чарбугии носер, ки манбаи асосии онҳо равғанҳои растаниянд, истифода барем. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.