Дилро эҳтиёт кунед4-06-2020, 09:50
Хабарро хонданд: 266 нафар
Назарҳо: 0
Ба сабаби афзоиши ҳолатхои гирифтор шудан ба бемории дил дар мавсими гармо мутахассисон ба тадбирҳои пешгирикунандаи таъсир ба фаъолияти ин узви бадан таъкид мекунанд. Аз ҷумла, Анна Кореневич, кардиолог ва номзади илмҳои тиб чанде пеш дар яке аз мусоҳибаҳояш ба ВАО дар бораи маҳсулоте сухан ронд, ки аз истифодаи онҳо барои беҳтар кардани фаъолияти системаи дилу рагҳо кам ва ё пурра бояд худдорӣ карда шавад. Ба ақидаи ӯ, хатарноктарини чунин маводи ѓизоӣ, барои дил маҳсулоти ширин, аз ҷумла шакар мебошад. Дар анвои шириниҳо ва пухтупазҳои ҳархела, ки бо истифода аз маҳсулоти ордӣ тайёр мешавад, инчунин дар баъзе аз хӯрданиҳои дигари бирёншуда нишондиҳандаҳои гликемикии баланд мавҷуд аст ва бинобар ин истеъмолашон барои калонсолон ва шахсони бо нишонаҳои бемориҳои гуногун тавсия дода намешавад. Ин коршиноси рус дар мусоҳибааш таъкид кард, ки бадан ба истеъмоли ҳаррӯзаи карбогидратҳои зудпаз, ба монанди: нони сафед, биринҷи сафед, ширинӣ ва қаннодӣ чандон ниёз надорад. Ба гуфтаи ин кардиолог, вақте ки одамон ба ҷои парҳез аз ин маҳсулот, ғизои дорои нишондиҳандаи гликемикии баландро зиёд истифода мебаранд, ҳатман ба диабети қанд ва мушкилоти дигари сершумори дил гирифтор мегарданд. Кореневич ёдовар шуд, ки бадани инсон аз кам хӯрдани кулчақанд (торт)-ҳо, яхмос, ҳама навъҳои конфет, пирожниҳо, чипсҳо, пухтупази фаронсавӣ (картофели фри) зарар намебинад, балки фишору сарборӣ ба кори дилу дигар узвҳои организмро коҳиш дода бо ин аз ҳолатҳои мубтало шудан ба бемориҳо худро эмин нигоҳ медорад. Вай дар интиҳо ин нуктаро ҳам баён дошт, ки истеъмоли зиёди ѓизоҳои сернамак, машрубот ва бо транс-чарбҳо ба системаи дилу раг таъсири манфӣ мерасонанд. Таҳияи С. Юсуф |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.