Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Истифодаи нодурусти антибиётикҳо оқибатҳои нохуш дорад!

Истифодаи нодурусти антибиётикҳо оқибатҳои нохуш дорад!

7-12-2017, 09:01
Хабарро хонданд: 286 нафар
Назарҳо: 0
Истифодаи нодурусти антибиётикҳо оқибатҳои нохуш дорад!
Истифодаи нодурусти антибиётикҳо барои ҳамаи мо хатар ба вуҷуд меорад. Истеъмоли антибиётикҳо бе тайиноти тиббӣ устувории зиддимикробии онҳоро метезонад. Инфексияҳое, ки аз микробҳои ба антибиётикҳо тобовар ба вуҷуд омадаанд, дорои хусусияти мураккаб буда, табобаташон душвор аст.
Дар ин бора мутахассисони соҳаи тандурустӣ зимни як нишасти матбуотӣ бахшида ба ҳафтаи умумиҷаҳонии истифодаи дурусти антибиётикҳо, ки дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, иттилоъ доданд.
Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки масъалаи истифодаи дурусти антибиётикҳоро мо бояд дар якҷоягӣ ҳаллу фасл намоем. «Пеш аз ҳама маърифати санитариву беҳдоштии аҳолиро бояд баланд бардошт, мардумро огоҳ кард, ки пеш аз истеъмоли антибиётикҳо ҳатман бо духтур маслиҳат кунанд. Зеро на ҳама медонанд, ки истемоли антибиётикҳо на дар ҳама ҳолат мувофиқи мақсад аст.
Ба таъкиди Игор Поканевич, роҳбари намояндагии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, «ҳолатҳое мешаванд, ки насли калонсол бе маслиҳати духтур ба кӯдакони худ ягон намуди антибиётикро медиҳанд. Бояд гуфт, ки он антибиётикҳое, ки одамони калонсол дониставу надониста истеъмол мекунанд, онро ба кӯдакон додан мумкин нест. Зеро истеъмоли нодурусти антибиётикҳо ба оризаҳои гуногун оварда мерасонад».
Зимнан Саид Давлатов, муовини сардори Муассисаи давлатии «Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемологӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд, ки «ман аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш мекунам, ки дар вақти истифодаи антибиётикҳо эҳтиёткор бошанд ва ба худтабобаткунӣ машғул нашуда пеш аз истеъмоли ин ё он антибиётик ба духтур муроҷиат кунанд». Номбурда ҳамзамон таъкид кард, ки духтуронро низ зарур аст, ки танҳо пас аз хулосаи ташхиси лабораторӣ ба беморон антибиётикро тавсия диҳанд. Ба ибораи ӯ, на дар ҳама ҳолатҳо зарурати истеъмоли антибиётикҳо вуҷуд дорад. Бинобар ин, ӯ таъкид кард, ки духтур набояд дар ҳама гуна ҳолатҳо бе хулосаи ташхиси лабораторӣ ба бемор истифодаи антибиётикро тавсия диҳад.
Исмоил Андамов, мутахассиси пешбари Хадамоти давлатии назорати бойтории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ зикр кард, ки масъалаи истифодаи дурусти антибиётикҳо танҳо мушкили Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ набуда, дар соҳаҳои бойторӣ ва кишоварзӣ низ чунин мушкил вуҷуд дорад. Мавсуф ҳамзамон афзуд: «Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар баъзе ҳолатҳо истеҳсолкунандагони маҳсулоти ширӣ ва гӯштӣ, бахусус дар маҳсулоти ҳасибӣ барои хушхӯр шудан ё ин ки зиёд шудани ҳаҷми маҳсулоташон меъёри зиёди антибиётикҳоро истифода мебаранд, ки истеъмоли ин гуна маҳсулот ба саломатии инсон бе таъсир буда наметавонад. Ӯ мегӯяд, дар соҳаҳои паррандапарварӣ ва кишоварзӣ низ ба чунин ҳолатҳо дучор шудан мумкин аст. Бинобар ин, истеъмолкунандагонро зарур аст, ки пеш аз харидорӣ намудани дилхоҳ маҳсулот ба сифати он аҳамият диҳад.
Ибодуллоҳи Тоҳир
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: