Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Дар Федератсияи Русия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон — муҳоҷирони меҳнатӣ телефони боварӣ фаъол шуд

Дар Федератсияи Русия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон — муҳоҷирони меҳнатӣ телефони боварӣ фаъол шуд

6-12-2021, 07:45
Хабарро хонданд: 96 нафар
Назарҳо: 0
Дар Федератсияи Русия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон — муҳоҷирони меҳнатӣ телефони боварӣ фаъол шуд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират барои мусоидат дар ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон -муҳоҷирони меҳнатӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба онҳо дар қаламрави Федератсияи Русия телефони бовариро роҳандозӣ намудааст. Мутахассисони соҳа тавассути рақами +7(495)9679844 вобаста ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, дарёфти ҷойи кори муносиб, баргардонидани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ ва қонунгузории Федератсияи Русия пусух гардонида, ҳамзамон муроҷиати шифоҳии шаҳрвандонро қабул менамоянд, хабар дод масъули бахши матбуоти Намояндагии мазкур Каримҷон Салимзода ба АМИТ «Ховар».

Телефони боварӣ тибқи тартиби муайяншуда дар соатҳои корӣ аз соати 09:00 то соати 18:00 ба вақти Москва фаъолият намуда, ба дархостҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мутахассисони соҳа дар чанд бахш посух медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Федератсияи Русия Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират фаъолият мекунад, ки он дар суроғаи шаҳри Москва, кӯчаи 2-юми Тверская — Ямская, бинои 40\3, қатори 1, бинои 201, 207, 214 воқеъ гардидааст. Дар ҳолатҳои зарурӣ шаҳрвандони мо инчунин метавонанд барои кумак ба Намояндагӣ бо телефонҳои зерин: +7(926)255-09-27; +7(968) 733 00 00, сомонаи расмии www.tajmigration.ru. почтаи электронии prmstJ@mail.ru. муроҷиат намоянд.

Тавре Каримҷон Салимзода иброз дошт, «агар давоми буду бош ва фаъолияти корӣ дар Русия ҳуқуқҳои қонунии шаҳрвандони мо аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, корфармо, миёнаравон ва дигар шахсон поймол карда шаванд ва ё мақомоти судӣ ғайриқонунӣ қарор (оид ба хориҷ кардан аз ҳудуди ФР, ҷарима ва дигар ҳолатҳо) қабул кунад, ҳамчунин агар корфармо ё миёнараве аз пардохти музди маошашон саркашӣ кунад, ё ин ки мувофиқи касбу ихтисос кори муносиб пайдо карданӣ бошанд, барояшон ягон мушкилот вобаста ба гирифтани патент, иҷозатномаи кор ва ё дигар ҳуҷҷатҳо пайдо шаванд, ба мақомоти мо муроҷиат намоянд. Агар онҳо бо сабаби беморӣ ва дигар ҳолатҳои ғайричашмдошт дар вазъияти мушкил монда бошанд, ба онҳо дар бастани қарордоди меҳнатӣ, ҳалли мушкилоти корӣ ва дигар ҳолатҳо кумаки машваратӣ расонида мешавад
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: