Аксияи “Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар!”2-03-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 288 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз аз ҷониби ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Б.Ғафуров дар ҳамбастаги бо шӯъбаи маорифи ноҳия, аксияи “Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар!» доир карда шуд.
Ба чорабинии мазкур зиёда аз 700 нафар аъзоёнии ТҶҶ “Созандагони Ватан”, хонандагони синни калони мактабӣ аз минтақаҳои мухталифи ҳудуди ноҳия ҷалб шуданд. Роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия Б.Ғафуров қайд кард, ки мақсад аз гузаронида чунин чорабини пеш аз ҳама баланд бардоштани ҳиссӣ ватандустӣ, ғурури миллӣ, хештаншиносӣ ва ҳарчӣ бештар зиёд намудани ихтиёриён ба хизмат дар сафи артиши миллӣ мебошад. Дар доираи ин чорабинӣ иштирокчиёни имконият пайдо намуданд, ки бо яроқу аслиҳа, машқҳои низомии афсарону сарбозон, шароити зисту истироҳат аз наздик шинос шаванд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.