Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ЭСТАКАДА НИЁЗ ДОРАД...

ЭСТАКАДА НИЁЗ ДОРАД...

25-11-2021, 11:25
Хабарро хонданд: 204 нафар
Назарҳо: 0
ЭСТАКАДА НИЁЗ ДОРАД...

Аз он ки роҳкушоӣ ва таҷдиди роҳҳо дар кишвари мо ба яке аз дастовардҳои муҳими миллӣ бадал гаштаву яке муҳимтарин ҳадафҳои стратегии сиёсати давлатро амалӣ месозад, борҳо навиштаву гуфтаем. Роҳҳое, ки чи дар дохили шаҳр ва чи дар шоҳроҳҳои берун аз пойтахт дорем ва хоҳем дошт, аз шоҳкориҳои Ҳукумати Тоҷикистон будаву хоҳанд буд. Шаҳри Душанберо сохтани эстокадаҳо ва роҳи дар сатҳи байналмилалӣ сохтаи хиёбони Исмоили Сомонӣ даҳчанд зебову замонавӣ гардонд. Ин роҳи таҷдидгашта то ба даромадгоҳи шаҳри Ҳисор на танҳо ҳусни шаҳрро афзуд, балки мушкили хеле сахти танбашавӣ ва садамаҳои бешуморро ҳам ҳал кард. Ҳарчанд аломатгузориҳои он як каме бо таъхир роҳ уфтоду бархе аз одамони камфарҳанг ва бебок то ҳол аз ин шоҳроҳ давида мегузаранд, вале хати пиёдагардҳо ва чароғакҳо ҳамеша барои танзими равуои мошину пиёдагардон мусоидат мекунанд. Ба вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Р. Ҳ муроҷиат кардани рӯзномаи "Минбари халқ", агар аз як тараф аз рӯйи салоҳият дар ҳалли ин мушкил бошад, аз дигар тараф ӯ аз муаллифони фаъоли ин нашрияи ҳизбӣ аст. Таваҷҷуҳи вазири муҳтарамро ба ин нукта ҷалб карданием, ки тавре ҳамагон медонанд, эстокада дар гардиши чорроҳаи микрорайони 82 хеле роҳи сермошин буда, бурриш ин роҳҳо дар ошёнаи якуми он ҳамарӯза ва ҳар соат сахт мушкил эҷод мекунад. Ба он хотир, ки аз сермошинтарин роҳҳои пойтахт маҳсуб гашта, на танҳо субҳу шом, ба қавле дар "час пик", балки рӯзи дароз гузаштан аз он душвор ва хатарзост. Гап сари он меравад, ки тибқи қоидаи роҳ мошини ба роҳи марказӣ (главная дорога) воридшуда ё дақиқтараш ба гирдаи роҳ (круг) воридгашта, ҳақи аввал гузаштан дорад. Яъне ҳамин мошин бояд гузарад ва дигар самтҳо бояд биистанд. Дар эстокада, ки чароғак нест, каме "қонуни ҷангал" амал мекунад, ҳар касе чаққон аст ё нотарс асту аз задани мошини худ ва дигарон ҳарос надорад, мегузарад. Дигарон то дер асабӣ шуда, пайт меҷӯянд ва бо тарсу таҳлукаи барнахӯрдан ба мошини дигар ин давраро убур карда, ба самти лозима ҳаракат мекунанд. Ин ҳолат хеле асабоникунанда ва хатарнок аст, ки ҳамарӯза такрор мегардад. Албатта, дар ин роҳи пурмошин ҳар ронандае то ба ин эстокада расидан, даҳҳо маротиба дар соатҳои сермошинӣ стресс гирифта меояд ва чун ба ин "гирдоби мошинҳо" мерасад, хеле аъсобашро аз даст медиҳад. Баъзе рӯзҳо, кормандони БДА, ки аз ин мушкил огоҳанд, истода дастӣ ин танбаҳоро танзим мекунанд. Аммо ин кор гоҳ-гоҳест. Масалан, ман ҳамагӣ 2 маротиба ин кори онҳоро дидаам. Аммо ин роҳи ҳалли масъала нест. Асаби одам оҳанин нест ва рӯзи дароз дар ҷойи кор одамон хаста ва гушна мешаванду зудтар субҳ ба кору шом ба хонаҳояшон шитоб доранд. Барои ҳамин, ҳар кадоме мехоҳад, ин роҳро тезтар гузарад. Ва бо сигналдиҳии дуру дароз ё “тормоздиҳиҳои кокс” кас базӯр аз ин роҳ бо дили ларзон мегузарад. Ана ҳамин ҳолат ҳар рӯз такрор ёфта, боиси вайроншавии асаби ронандагон ва бад шудани саломатии мардум мегардад. Лоиқи ёдоварист, бигӯем, ки ин роҳ тамоми шабу рӯз пур аз мошин аст ва ин мушкил такрорёбанда. Аз ин лиҳоз, аз шумо вазири муҳтарам тавассути ҳафтаномаи серхонандатарини ҷумҳурӣ хоҳиш доранд, ки дар чаҳор самти ин эстокада шинонидани чароғакҳои раҳнаморо дастур бидиҳед, то роҳ озод шуда, тамбашавӣ дар он хатар эҷод накунад. Шояд рӯзе шавад, ки мо на танҳо ба зебогиҳои шаҳри азизамон ифтихор кунем, балки аз бехатар будани роҳҳои он ҳам шуҳратманд бигардем. Дар ин кори хайр дастгирии шуморо интизорем.

Ҳуриннисо АЛИЗОДА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: