Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » САДОҚАТ БА ПРЕЗИДЕНТ САДОҚАТ БА ВАТАН АСТ

САДОҚАТ БА ПРЕЗИДЕНТ САДОҚАТ БА ВАТАН АСТ

16-11-2021, 09:52
Хабарро хонданд: 238 нафар
Назарҳо: 0
САДОҚАТ БА ПРЕЗИДЕНТ САДОҚАТ БА ВАТАН  АСТ

АНДЕША. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ тибқи таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, шахсиятҳои таърихиву барҷаставу номбардоре вомехӯранд, ки онҳо дар марҳалаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обрӯву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд. Чунин шахсиятҳои барҷаста Ҷорҷ Вашингтон Президенти Амрикои демократӣ, ки то имрӯз мардуми Амрико ба эҳтироми ӯ зодрӯзашро ҳамчун Рӯзи Президент ҷашн мегиранд. Инчунин, кишварҳои Хитойу Турк ба номи сарваронашон Мао Цзе Дун ва Мустафо Камол арҷ гузоштаанд.
Дар айни ҳол, Президент рамзи муттаҳидии давлат, намоянда ва муҳофизи манфиатҳои шаҳрвандон ҳам дар давлати худ ва ҳам берун аз он мебошад. Дар адабиёти ҳуқуқӣ институти президентӣ чун категорияи конститутсионӣ - ҳуқуқӣ омӯхта мешавад, ки ифодакунандаи маҷмӯи ваколатҳои ҳокимиятии Президент дар соҳаи идоракунии давлат мебошад, ки ба меъёрҳои конститутсионӣ асос ёфта, танзимкунандаи баамалбарории ҳокимияти президентӣ аст. Таҳлили институти президентӣ дар кулли давлатҳои дунё нишон медиҳад, ки он дорои аломатҳои зерин аст: Президент шахси мансабдори интихобӣ аст; ӯ функсияи сарвари давлатро иҷро менамояд; ӯ Раиси ҳукумат аст; ӯ ба халқ содиқона хидмат менамояд. Президент дар низоми мақомоти давлатӣ мақоми олиро ишғол менамояд, ӯ субот ва муттаасилии механизми ҳокимияти давлатиро таъмин мекунад, намояндагии олии кишварро дар арсаи байналмилалӣ баамал мебарорад.
Бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин, ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунанд. Ин аст, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Точикистон ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва ҷашни ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз аст. Интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ниҳоди давлатӣ рӯҳ ва маънои бузург бахшида, мақоми президентиро ба як неруи наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат табдил дод.
Маҳз ба Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, ки тамоми таҷрибаи таърихию байналмилалӣ ва ҳуқуқию сиёсии ниҳоди президентиро истифода намуда, ин тарзи давлатдориро ба модели наҷоти миллии мо табдил диҳанд. Илова бар ин фаъолияти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин тарзи идоракунии давлатиро такмил дода, дар меҳвари он мактаби нави давлатдории миллии тоҷиконро ба вуҷуд оварданд, ки имрӯз бо бартарию хусусиятҳои худ эътирофи байналмилалиро касб намудааст.
Ҳусейнова С., мудири шуъбаи умумии КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: