Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » М. Муродӣ: «Таъсиси Рӯзи Президент зарурати таърихӣ ва тақозои замон аст»

М. Муродӣ: «Таъсиси Рӯзи Президент зарурати таърихӣ ва тақозои замон аст»

15-11-2016, 16:25
Хабарро хонданд: 163 нафар
Назарҳо: 0
М. Муродӣ: «Таъсиси Рӯзи Президент зарурати таърихӣ ва тақозои замон аст»

/АМИТ «Ховар»/ «Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории халқи тоҷик падидаи тозае мебошад, ки воқеан барои гиромидошти арзишҳои миллии мо аҳамияти ҳаматарафа дорад». Ин нуктаро имрӯз доктори илмҳои филологӣ, профессор Мурод Муродӣ зимни ҳамоиши илмии «Таҷлили Рӯзи Президент- арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ», ки дар Вазорати фарҳанги кишвар доир гардид, баён намуд.
Мурод Муродӣ ҳамчунин иброз дошт, ки Тоҷикистони муосир марҳилаҳои душвор, тақдирсоз ва бунёдиро паси сар намуда, дар таҳкими давлатдорӣ аркони бузургеро ба шакл даровард ва сиёсати бисёр хирадмандонаву устувореро ба роҳ монд.
prezident-tabassum«Дар радифи ҷашнҳои миллӣ ворид шудани Рӯзи Президент зарурати таърихӣ ва тақозои замон буда, на танҳо маънои эҳтиром ба шахсияти барҷастаест, ки тамоми ҳастии худро барои ободии кишвар ва беҳдошти зиндагии мардум сарф менамояд, балки нишонаи шинохт ва гиромидошти арзишҳои миллии халқи тоҷик аст»,- гуфт мавсуф.

Абдулмуъмин Қутбиддинов, корманди Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг, номзади илмҳои филологӣ дар ҳамоиш иброз дошт, ки «имрӯз нақши созандаи Эмомалӣ Раҳмон дар давлатдории миллӣ побарҷост. Давлатдории миллӣ маънои миллатгароиро надорад. Агар чунин намебуд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати дарҳои бозро пеш намегирифт».
«Имрӯз бузургтарин сиёсатмадорону шахсиятҳои шинохтаи ҷаҳонӣ тарзи давлатсозии Эмомалӣ Раҳмонро эътироф кардаанд. Ваҳдатофариву давлатсозии халқи тоҷикро президенти Русия Владимир Путин чунин баҳогузорӣ кардааст: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар даври сиёсат байни Иттиҳоди давлатҳои мустақил мавқеи намоёнро ишғол менамояд. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате, ки ҷанги гражданиро аз сар гузаронида бошад, дида намешуд»,-иброз дошт Абдулмуъмин Қутбиддинов.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: