Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пешвои сулҳпарвар

Пешвои сулҳпарвар

16-11-2021, 09:15
Хабарро хонданд: 107 нафар
Назарҳо: 0
Пешвои сулҳпарвар

Маҳбуби ҷаҳониву ҳабиби Ватанӣ,

Бар ҷумлаи дардҳо табиби Ватанӣ,

Гуфтӣ, ки ман аз баҳри Ватан мемирам,

Аз баҳри Ватан бизӣ, ки зеби Ватанӣ.

Боиси ифтихори бузург ва сарфарозии мову Шумо сокинони Тоҷикистони азиз аст, ки дар таърихи навини миллатамон рӯзи 16-ноябр ҳамчун санаи хотирмон ва таърихӣ сабт гардидааст, зеро дар ин рӯзи муборак Иҷлосияи тақдирсоз, ҷаласаи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1992 оғоз гардида, барои ҳаёти минбаъдаи сокинони ин марзи муқаддас таъсири волои худро гузошт. Аз ҳама муҳим, дар ин Иҷлосия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, аз ҳамон рӯз инҷониб ин шахсияти ватандӯсту дурандеш ва хирадманду тавоно барои муттаҳид намудани мардум, таъминисулҳу суботи комил ва рушди ҳамаҷонибаи кишвар саъю кӯшиш менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон марди оқилу хирадманд ва боматонату ҷасур ҳастанд, ки ҳамеша барои беҳтару хубтар намудани сатҳи зиндагии мардум мекӯшанд. Ғамхорӣ барои ояндаи миллат, далерию шуҷоат, дарки вазъияти пурхатари ба амал омада, қабули қарорҳои таъҷилӣ барои ҳифзи тартиботу мудофиа, иҷтимоиёти аҳолӣ ӯро сазовори маҳбубияти халқи кишвар гардонида, билохира дар лаҳзаи тақдирсози Ватан дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои олии кишвар интихоб гардид ва бо ҳамин тақдирашро як умр ба тақдири халқу ватани хеш пайваст. Аз ин рӯ мо бояд шукр гуем, ки дар рӯзҳои бениҳоят вазнин Худованд ба мо сарвареро насиб гардонд, ки хизмати Ватанро барояш арзиши олӣ ҳисобида, бо меҳру садоқат халқу оламро огаҳ сохт, ки баҳри хизмати Ватан омода аст ҷонашро нисор кунад. Роҳбари давлат дар рафъи мушкилоти ниҳоят сахту сангини сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо иродаи мустаҳкам ва азми қавӣ қадам гузошта, барои расидан ба натиҷаҳои назаррас басо хизматҳои шоён намудааст. Хизматҳои бузург, содиқона ва бебозгашти Сарвари кишвар дар назди халқу Ватан аз ҷониби аҳли ҷомеа кайҳост, ки комилан эътироф шудааст. Имрӯз халқу миллати тоҷик ифтихорманд аз он аст, ки чунин роҳбаре, ки наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ ва Пешвои эътирофшуда насибаш гаштааст. Мо боварии комил дорем, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар гўшаву канори диёри мо ободу зебо ва бо рушди бесобиқа вусъати тоза мегирад, хурсандии мо беҳаду канора аст. Мо кулли мардуми кишвар ҳеҷ гоҳ далерию корнамоиҳо ва шуҷоатнокии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз хотир фаромӯш насозем ва ҳамеша дар пайи амалҳои неки ӯ бошем. Мо бо Пешвои миллати худ ифтихор мекунем. Бигзор ҳамеша дар Тоҷикистони азизи мо сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ, озодиву соҳибихтиёрӣ ва рушди ҳамаҷониба дар кишвари азизамон абадан пойдор бошад.

Негматҷонова Саёҳат-Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоотӣ КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: