Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ТАБРИКОТИ ШӮРОИ МАРКАЗИИ ТҶҶ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН” БАХШИДА БА 25-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАБРИКОТИ ШӮРОИ МАРКАЗИИ ТҶҶ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН” БАХШИДА БА 25-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

16-11-2017, 09:30
Хабарро хонданд: 281 нафар
Назарҳо: 0
ТАБРИКОТИ ШӮРОИ МАРКАЗИИ ТҶҶ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН” БАХШИДА БА 25-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Шӯрои марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” кулли ҷавонони саодатманди кишварро ба муносибати 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод мегӯяд.
Мо насли ҷавон, ки маҳз дар ҳамон давраҳо ба дунё омадаву ба воя расидаем даҳшату сахтиҳоеро, ки ба сари мардуми кишвар омада буданд, хуб дар ёд дорем.Дар чунин лаҳзаҳои тақдирсоз ба бахти миллат ва мо ҷавонони хуштолеъ Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардида, дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат омад.Аз ҳамин рӯз равшание ба ояндаи дурахшони мо ҷавонон зуҳур кард.
Бо истиқбол аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷоннисориву ҷаҳду талошҳояшон дар роҳи ҳифзи халқу Ватан пеши назар меоянд. Ин садоқату самимият намунаи олии ватандӯстӣ ва мояи ибрату омӯзиши мо ҷавонон гаштааст.
Мо ҷавонон дар навбати худ бо арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои олии давлатдорӣ тамоми нерӯву тавони худро пайи ободии хонаи муқаддаси тоҷикон – Тоҷикистони соҳибистиқлол сарф намуда, барои Ватани азизамон ҳамчун фарзандони бонангу номус содиқ мемонем.
Бори дигар 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҷавонони созандаи Ватан!

Шӯрои марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: