Ба таваҷҷуҳи роҳбарони «Сити-кард»,
«Душанбехадамотнақлиётрасон» ва ККВД-2!
Ҳар боре ки дастандаркорони нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе арзиши роҳкироҳоро дар автобусу троллейбус ва хатсайрҳои микроавтобусҳо боло мебардоранд, мушкилоти муносибату муоширати мусофирон ва ронандагонро дучанд зиёд мекунанд.
Масалан, то ба дар автобусҳо то 2,5 сомонӣ ва дар троллейбусҳо 2 сомонӣ муқаррар кардани роҳкироҳо, ки аз субҳи 10-уми ноябри соли 2021 роҳандозӣ намудаанд, аксари мусофирони навоҳии гирду атрофи пойтахт бидуни корти нақлиётӣ ба ронандаҳо 1 сомонӣ дода, бемалол ба ҷойҳои дилхоҳашон мерасиданд. Мушоҳида мешуд, ки аз ин кор бештар ронандаҳо фоида мебинанд. Он нозироне ки даромада кортҳои мусофиронро дар дохили нақлиёт месанҷиданд, ин вайронкории ронандагонро нодида мегирифтанд (шояд бар ивази чойпулие, ронандаҳо ба онҳо медоднд). Хуллас, ин ба косташавии фурўши кортҳои нақлиётӣ дар терминалҳои ширкати «Сити–кард»» ва умуман дастнорасшаваии онҳо гардид.
Ба фикрам, роҳбарони МД «Душанбехадамотнақлиётрасон» ва ККВД-2 умед доранд, ки болобардории навбатии роҳкироҳо ба бештар фурўхтани кортҳои нақлиётӣ мусоидат намуда, мусофирони бекорт 2-2,5 сомонӣ дода, бемамониат сафар мекунанд. Хезед, ки хобатон бурд, роҳбарони муҳтарами муассисаҳои мазкур! Аз субҳи 10 ноябр мусофирони сершумор раҳи автобусхоро поида, ба даруни нақлиёт бо душворӣ медаромаданд. Дар ин субҳ ягон бор мушоҳида накардем, ки ронандагони автобусҳои хатсайрҳои 1, 29, 10 ва бахусус 7 мусофиреро барои надоштани корт ба нақлиёт роҳ надода бошанд. Баръакс, ба ҷойи 2,5 сомонӣ 2 сомонӣ гирифта, «хуш омадед» мегуфтанд.
Пўсткандаи гапро гўем, ширкати «Сити-кард» бо ҷорӣ кардани корти нақлиётӣ дар пойтахт дар ду соли авали фаъолият муваффақ шуда бошад ҳам, дар солҳои охир аз ҳал кардани мушкилоти нақлиёти ҷамъиятӣ базўр мебарояд. Якум, тобистон дар дохили автобусҳо мусофирон аз гармӣ нафастанг мешуданду ронандагон чун соли аввали хизматрасонӣ кондинсионерҳоро фаъол намегардонданд. Баҳона меоварданд, ки ширкат ва ККВД бояд барои фаъол гардондани конденсаторҳо 80 литри соляркаи ваъдагиро диҳанд, баъд…
Дуюм, ронандагон шиква мекунанд, ки муассисон ба онҳо музди ночиз медиҳад ва онҳо боз вазифадоранд, ки ҳар бегоҳ пас аз анҷоми рўзи корӣ ба корхона маблағи муаяйни нақшавиро пардохт кунанд. Ин талабот боиси аз кор рафтани садҳо ронандагон гардидаву мегардад. Ронандагон мошинро идора кунанд ё маблағи нақшавӣ супоранд?
Сеюм, маданияти хизматрасонии ширкату муассисаҳо ба мусофирон ҳанўз ҳам ба талаботи замона ҷавобгў нест. Ронандагон бештар ба пулғундорӣаз мусофирон ҳавасманд мебошанд. Ширкату муассисаҳо вобаста ба ҳурмати мусофирони калонсол дар байни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ намебаранд.
Чорум, хизматрасонии терминалҳои кортҳои нақлиётии «Сити-кард» аксар қаноатбахш нест. Бештари терминалҳои дар истгоҳҳо буда хуб кор намекунанд. Агар рафту кортҳои мусофирон дар онҳо бо сабабе дармонанд, ба занги мусофир телефонҳои «Сити-кард»дарҳол ҷавоб намедиҳанд: қариб 5 дақиқа ба гўши мусофир рекламаҳои дилбазани худро мешунавонанд, пас аз ин соату рўзҳо мунтазири посухи ширкати мазкур мешавӣ. Кас маҷбур мешавад, ки корти дигарро баъди сарсониҳои зиёд харидорӣ кунад. Шояд ин як роҳи паҳнкунии кортҳои нақлиётӣ бошад?
Шунидам, ки дар кишвари бузурги Чин барои фурўхтани кортҳои нақлиётии доимӣ ва яксафарӣ дар автобусҳо диспетчерҳо ба мусофирон хизмат мерасондаанд, ки мушкилоти муносибату муоширати ронандагону мусофиронро хеле осон мекардааст. Аз ин навгонӣ дар ниҳоят ширкату корхонаҳо фоида ба даст меоранд. Магар аз ин навгонӣ пайравӣ карда намешавад?
Бо овардани ин мушоҳидаҳо умед дорем, ки ширкати «Сити-кард» ва муассисаҳои «Душанбехадамотнақлиётрасон» ва ККВД-2 ҳатман вазифаҳои хизматии худро дар назди мақомоти дахлдор ва сокинону мехмонони пойтахт беҳтару хубтар иҷро хоҳанд кард.
Нури ПОРСО, мусофир