Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат мебора

ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат мебора

9-11-2021, 09:31
Хабарро хонданд: 108 нафар
Назарҳо: 0
ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат мебора

Ноябрь 9, 2021 08:09

, Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар” бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи асосан бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона дар баъзе ноҳияҳо -2+3 дараҷа, рӯзона 4+9 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 9+14 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 9-14 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 15-20 дараҷа хунук ва рӯзона 8-13 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш шуда, дар водиҳо бориши сусти борон, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 7 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 0+5 дараҷа хунук рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 то 6 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона -2+3 дараҷа хунук, рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирбандаи бебориш шуда, дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад.

/АМИТ “Ховар”/
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: