ОБУ ҲАВО24-02-2020, 09:00
Хабарро хонданд: 208 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 17-22 ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад. Ҳаво дар вилояти Суғд қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои водибуда борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боридани борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳаво қисман абрнокшуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои водибуда борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 7+9 ва рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.