ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ГАНҶ АСТ!24-08-2021, 14:56
Хабарро хонданд: 203 нафар
Назарҳо: 0
АНДЕША. Ҳунар ва ҳунармандӣ аз қадимулайём маҳсули хираду дасти инсон буда, як бахши фарҳанги анъанавии халқи тоҷик ба шумор рафта, муррифгари миллат, таъриху фарҳанг, табиату зебоипарастиҳо ва шинохти кишвар аст. Ҳунарҳои миллӣ дар қатори дигар намудҳои мероси фарҳанги миллат дар ҳаёти мардум мавқеи хоса дорад. Дар пешрафти анвои гуногуни касбу ҳунарҳо ва тақвияти таҷрибаву малакаҳо нақши ҳунармандон калон аст. Ҳунармандӣ решаи хеле қадима дошта, аз насл ба наслу аз аср то ба аср гузашта ба имрўз расидааст. Эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, агар аз як тараф ба раванди батадриҷ беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар, махсусан сатҳи зиндагии ҳунармандони мардумӣ, таъсири бузург расонад, аз тарафи дигар дар баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандорӣ, инчунин эҳсоси эҳтиром ба ҳунарҳои мардумӣ нақши муассир мегузорад. Имрўзҳо таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба омўзиш, эҳё ва паҳн намудани ҳунарҳои мардумӣ миёни ҷавонон бештар гардидааст. Аз ин лиҳоз ҳар шахси худогоҳу хештаншиносро зарур аст, ки ба омӯзиши ҳунарҳо ва фарҳанги миллӣ аҳамияти бештар дода нагузорад, ки дар замони пуртазоди муосир арзишҳо ва фарҳангу ҳунари миллии мо моҳияти худро аз даст диҳанд. Барои эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ моро зарур аст, ки урфу одатҳои неки мардумиро мавриди омўзиш қарор дода, ҳикмату фалсафаи онро дар зиндагии ҳаррўзаамон истифода барем. Ҷойи зикр аст, ки аз давраҳои қадим шаҳру деҳоти Тоҷикистон бо ҳунарҳои миллӣ ва ҳунармандонаш шўҳрат дошт. Ҳунарҳо бо ҳаёти анъанавӣ ва урфу одатҳои мардумӣ робитаи зич доранд. Ҳунарҳои қадимаи ниёгонамон хушбахтона тавассути сулолаи ҳунармандон аз насл ба насл гузашта то замони мо расидаанд. Ғафуров Сайдамир, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.