Боздид аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Лахш21-09-2021, 08:45
Хабарро хонданд: 200 нафар
Назарҳо: 0
21.09.2021 08:28, ноҳияи Лахш
Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Лахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои сокинон боздид намуданд. Дар ин ҷо намунаи ҳунарҳои мардумӣ, хӯрокҳои миллӣ, маҳсулоти нонӣ ва дар маҷмуъ маҳсули дасти ҳунармандон ва дастовардҳои сокинони шаҳраку 9 деҳоти ноҳияи Лахш намоиш дода шуд. Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Лахш ҷиҳати расидан ба нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ дар соҳаи саноат, соҳибшуғл намудани сокинон, махсусан занону духтарони хонанишин бо ҷои кори мувофиқ, рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва эҳёи ҳунарҳои қадимаи мардумӣ тадбирҳои муҳим амалӣ гардид ва имрӯз натиҷаҳо дар ҳамаи бахшҳо назаррас мебошанд. Дар намоишгоҳ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асосан намунаи зиёди ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили ҳунари гулдузӣ, кашидадӯзӣ, чӯбтарошӣ, кулолгарӣ, кандакорӣ, оҳангарӣ маҳсулоти нонӣ ба монанди кулчаю фатир бо андозаҳои гуногун, шириниҳо, чаппотӣ, самбуса ва чанд намуд хурокҳои миллӣ, ки ба мардуми ин ноҳияи дурдасти Тоҷикистон хос мебошанд, муаррифӣ гардид. Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Лахш ҷиҳати эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби ҷавонон ба ҳунарҳои қадима, ки аз давраҳои пеш то ба имрӯз нигоҳ дошта мешавад, тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шуд. Дар ноҳия дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» барои ҳифз ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, санъати миллӣ, фарҳангу анъанаҳои хоси миллати тоҷик, муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ марказҳои омӯзиши касбу ҳунар, коргоҳу корхонаҳои дузандагӣ, адрасбофӣ ва нуқтаҳои намоиш ва фурӯши ҳунарҳои мардумӣ бунёд гардид, ки бо ин восита шароити кору хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳтар ва даҳҳо нафар бо ҷои кор таъмин шуданд. Дар намоишгоҳ ҳамзамон сару либоси миллӣ аз қабили чакан, атласу адрас, либоси ягонаи корӣ ва имкониятҳои сайёҳии ноҳия муаррифӣ гардид. Тавре иттилоъ дода шуд, дар давоми солҳои 2019- 2021 ҷиҳати рушди соҳаи туризм, махсусан туризми кӯҳнавардӣ ва ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ба мавзеъҳои зебою нотакрори ноҳияи Лахш иншооти зиёди хизматрасонӣ бунёд гардид, ки имрӯз аз чунин шароити мусоид сайёҳон истифода мебаранд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва суҳбати самимӣ бо ҳунармандони чирадасти ноҳия таъкид намуданд, ки миллати тоҷик дорои фарҳангӣ баланд, бунёдкору ободгар ва меҳнатдӯст мебошад. Дар робита ба ин насли ояндаи Тоҷикистон хоса ҳунармандону фарҳангшиносонро зарур аст, ки ин анъанаи ниёгонамонро идома дода, барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунарҳои қадима аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.