Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » АКСИЯИ ИТТИЛООТӢ ТАҲТИ УНВОНИ "САРБОЗ ҲОМИИ АМНИЯТИ ВАТАН АСТ

АКСИЯИ ИТТИЛООТӢ ТАҲТИ УНВОНИ "САРБОЗ ҲОМИИ АМНИЯТИ ВАТАН АСТ

29-10-2021, 09:20
Хабарро хонданд: 193 нафар
Назарҳо: 0
АКСИЯИ ИТТИЛООТӢ ТАҲТИ УНВОНИ "САРБОЗ ҲОМИИ АМНИЯТИ ВАТАН АСТ

Чанде пеш дар доираи нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан" аксияи иттилоотӣ таҳти унвони "Сарбоз ҳомии амнияти Ватан аст" дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахти азизамон- шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар аксияи мазкур варақаҳои иттилоотӣ ва муроҷиатномаи намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе ба сокинон тақсим карда шуд.
Мақсад аз баргузории аксияи мазкур пеш аз ҳама баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, худшиносию худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ ва пос доштани марзу бум ва муқаддасоти миллӣ ба шумор меравад.
Ҳамин аст, ки рӯз то рӯз ҷавонони далеру шуҷои Ватан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд гардида, содиқонаву софдилона ба Ватан- Модар хизмат намуда истодаанд.
ҲХДТ –ҳизби тарбиятгару роҳнамо пайваста барои ба камол расонидани ҷавонони ҷасуру фидокор, ватандӯсту ҳимоятгар ва худшиносу худогоҳ нақши калидӣ мегузорад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: