
ДУШАНБЕ, Дар конфронси байналмилалӣ оид ба кумак ба Афғонистон, ки рӯзи душанбеи 13 сентябр дар Женева багузор гардид, дабири кулли созмон Антонио Гутерриш гуфт, ки иқтисоди Афғонистон рӯ ба харобшавӣ овардааст..
"Ин як таҳдиди ҷиддӣ аст, имкониятҳои пулӣ хеле маҳдуд аст, дар ҳоле ки пули нақд ҷонбахши иқтисод аст", - илова намуд Гутерриш.
Ҳамзамон дабири кулли СММ афзуд, ки дар заминаи маҳдудиятҳое, ки ба Афғонистон ҷорӣ карда мешаванд, пешгирӣ аз фурӯпошии системаи иқтисодии кишвар зарур аст.
Дар ин нишаст кишварҳои ҷаҳон ба мардуми Афғонистон беш аз 1 миллиард доллар кӯмаки башардӯстона ваъда карданд.
Иёлоти Муттаҳида ба Афғонистон 64 миллион доллар кӯмаки башардӯстона мерасонад.