Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Таълиму тарбия рукни муҳими пешрафти давлату ҷамъият

Таълиму тарбия рукни муҳими пешрафти давлату ҷамъият

20-10-2021, 12:22
Хабарро хонданд: 539 нафар
Назарҳо: 0
    Таълиму тарбия рукни муҳими пешрафти давлату ҷамъият
Дар мавҳуми таълиму тарбия, инкишофи малакаю маҳорат, қобилияту истеъдоди инсонӣ соҳибмаърифату фаъол, сиҳатитию саломатии ў, ташаккули шахс, муносибати инсон ба табиату ҷамъият, сарфарозии ў аз мавҷудияти худ таҷассум меёбад. Гоҳҳо ба назар мерасад, ки заиф гаштани корҳои тарбиявӣ дар оила ва мактаб ба коста гардонидани адабу ахлоқи наврасону ҷавонон сабаб гашта истодааст. Натиҷаи ҳамин бемасъулиятӣ нишон медиҳад, ки солҳои охир дар байни наврасону ҷавонон одотҳои бади беҳудагардию авбошӣ, майнушию нашамандӣ ба маврид зиёд шуда истодаанд. Паёмади бади ин зуҳуротҳо бошанд, сабаби паҳн гаштани бемориҳои сиёраткунанда мегардад.
Бешак ягона роҳи ба пуррагӣ нест намудани ин камбудиҳо ва ба ҳаёти хубу созанда ҷалб намудани ҷавонону наврасон, ин ҳарчи зиёд кор кардан бо онҳост. Хушбахтона, Ҳукумати кишвар, хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таълиму тарбияи ҷавонон диққати махсус дода, барои бо илму дониш шудани онҳо тамоми шароити лозимаро муҳайё намудаанд. Ҳамчунин Пешвои миллат зимни ҳама вохўрию суханрониҳои худ ин нуқтаро таъкид менамоянд, ки ҷавонон бояд илм омўзанду босавод бошанд.
Таълиму тарбия чанд паҳлўи оддӣ ва нозуке дорад, ки бояд ҳамаи наврасону ҷавонон аз онҳо огоҳ бошанд. Аз ҷумла онҳо бояд қоидаҳои талабагиро омўзанд, дар мактаб, оила ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо интизом бошанд, реҷаи рўз ва гигиенаи шахсиро риоя намоянд, дар худ муносибати мусбат ба хониш, фаъолиятнокӣ, ахлоқи хуб ва меҳнатдўстиро тарбия намоянд, ҷаҳонбинии худро ташаккул диҳанд, бо оддитарин масъалаҳои экологӣ, ҳифзи табиат ва муҳити зист шинос шаванд, ҳисси ватандўстӣ, ифтихор аз Ватан, таъриху маданият ва забони миллиро дар худ ташаккул диҳанд, ҳисси зебопарастӣ дошта бошанд, варзишдустор бошанд ва ѓайраҳо.
Агар наврасону ҷавонон амалҳои зикршударо дар худ тарбия намоянд, бо боварии комил гуфта метавонем, ки таълим натиҷаи хуб медиҳад ва талабагон ба роҳи дурусти тарзи ҳаёти солим тарбия меёбанд.

Саида Хоҷаева
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: