«Фарзанди нек боғи падар, фарзанди бад доғи падар»12-09-2019, 14:17
Хабарро хонданд: 452 нафар
Назарҳо: 0
Дар яке аз Паёмҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олӣ дар хусуси таваҷҷуҳ намудан ба тарбияи ҷавонон чунин таъкид кардаанд: «Баробари таълим масъалаҳои тарбиявии наврасону ҷавонон ва дар руҳияи ватандўстию инсонпарварӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ба воя расидани онҳо ниҳоят муҳим мебошад». Нахустин вазифаи ҳар падару модар тарбия намудани фарзандони хушахлоқ аст. Волидоне, ки аз овони хурдӣ ба тарбияи фарзанд аҳамият дода, барои соҳиби ахлоқи ҳамида ва дорои илму ҳунар шудани ў кўшиш мекунад, албатта роҳати фарзандро мебинад. «Фарзанди нек боғи падар, фарзанди бад доғи падар»-гуфтаи халқ беҳуда нест. Аз Луқмони Ҳаким пурсиданд: «Чаро ин қадар зиёд писаратро насиҳат мекунӣ?» Дар ҷавоб гуфтааст: «Насиҳати пирон ба ҷавонон мисли боғбонест, ки ниҳолро ба воя мерасонад. Боғбон шохҳои нолозими ниҳолро бурида меистад. Алафҳои бегонаро тоза карда, ба замин нурӣ меандозад. Барои пурқувват шудани ниҳол тамоми қувваташро сарф мекунад. Агар ин тавр рафтор кунад, ниҳол хуб ба воя расида, мевааш лаззизу бенуқсон мешавад. Агар шохҳои зиёдатиро набуранд, ниҳол зуд баланд мешаваду ҳосили хуб намедиҳад. Аз ин ҳол ниҳол ба боғбон кам фоида мерасад. Фарзанд ҳам мисли ниҳол аст. Агар ў сари вақт тарбияи дуруст нагирад, ба рафтору кирдори бад мубтало гашта, миёни алафҳои бегона нобуд мешавад. Ҳасад, туҳмат, худтаърифкунӣ, такаббур, хушомадкунӣ, дуруғгўй, ғайбат, фиребгарӣ, иғвоандозӣ, дуруғгўйиву бағилӣ, ҷоҳилӣ, хашму ғазаб, пургўйӣ, майпарастӣ, дашномдиҳӣ, гурусначашмӣ, хасисӣ, маккорӣ ва дигар хислатҳои манфӣ ба монанди хор ва шохаҳои нолозими дарахтанд, ки аз онҳо халос бояд шуд. Касе, ки ин хислатҳоро дошта бошад, ў инсони комил шуда наметавонад». Барои ҳар яки мо Ватан азиз аст. Эҳсоси ватандўстӣ меъёри ахлоқ ба шумор меравад. Инсони солимақл ҳеҷ гоҳ ба Ватан хиёнат намекунад. Агар рафту касе ба Ватани худ хиёнат намуда, номи онро паст зад, ба ғазабу нафрати халқ дучор шуда, аз мадди назари дўстон меафтад. я ке аз роҳҳои ташаккул додани ҳисси ватанпарварӣ дар наврасону ҷавонон ин омўзиши таърихи диёри бостонии мост. Дар бисёр кишварҳо ба монанди аз наздик ошно гаштан бо таъриху фарҳанги мамлакат гардишгарӣ ё туризми дохилиро ривоҷ додаанд. Истифода аз ин таҷриба боиси ба ҳам наздик шудани сокинони маҳалҳои гуногун хоҳад гашт. Баъзеҳо чунин меҳисобанд, ки тарбияи насли наврас танҳо вазифаи мактаб аст. Аммо ин тавр нест ва набояд бошад, зеро агар ҳамаи сохторҳо дар тарбияи насли наврас андаке ҳисса гузоранд, наврасону ҷавонон соҳиби хулқи накў гашта, нерўи худро боз ҳам бештар баҳри ободии Ватан сарф мекунанд. Саида Хоҷаева |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.