Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ЧАРО НАРХИ СӮЗИШВОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН БОЛО РАФТ? Хабарннигори АМИТ «Ховар» бо ин савол ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ муроҷиат намуд

ЧАРО НАРХИ СӮЗИШВОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН БОЛО РАФТ? Хабарннигори АМИТ «Ховар» бо ин савол ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ муроҷиат намуд

18-10-2021, 07:50
Хабарро хонданд: 696 нафар
Назарҳо: 0
ЧАРО НАРХИ СӮЗИШВОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН БОЛО РАФТ? Хабарннигори АМИТ «Ховар» бо ин савол ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ муроҷиат намуд
ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаҳон буҳрони энергетикӣ сар задааст, ки омилҳои зиёд дорад. Натиҷаҳои он имрӯз дар Тоҷикистон низ баръало эҳсос мешаванд: нархи сӯзишворӣ ба таври бесобиқа боло рафта, бори аввал қимати газ ба бензин баробар шудааст.
Чаро дар бозори энергетикию сӯзишворӣ чунин ҳолат ба амал омадааст? Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо чунин суол ба Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷеъ шуд ва маълумотҳои қобили таваҷҷуҳ ба даст овард.
Маълум гардид, ки дар нуҳ моҳи соли 2021 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 449 174,4 тонна маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла 246 234,6 тонна сӯзишвории дизелӣ ба маблағи 143 613 291 доллари ИМА бо нархи миёнаи 583 доллари ИМА барои як тонна, 184 686,3 тонна бензин ба маблағи 113 817 208 доллари ИМА бо нархи миёнаи 616 доллари ИМА барои як тонна, 10 057,6 тонна равғанҳои молиданӣ ба маблағи 13 890 723 доллари ИМА бо нархи миёнаи 1 381 доллари ИМА барои як тонна, 8 109,3 тонна сӯзишвории реактивӣ ба маблағи 6 333 681 доллари ИМА бо нархи миёнаи 781 доллари ИМА барои як тонна ва 86,6 тонна дигар намуди маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 267 594 доллари ИМА ворид карда шудааст, ки маблағи умумии онҳо дар маҷмӯъ 277 миллиону 922 ҳазору 497 доллари ИМА – ро ташкил менамояд.
Маҳсулоти нафтӣ асосан аз ИДМ, аз ҷумла аз Федератсияи Русия ба миқдори 383 933,7 тонна, аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба миқдори 41 585,6 тонна, аз Туркманистон ба миқдори 6 623,9 тонна, аз Ҷумҳурии Узбекистон ба миқдори 8 825,6 тонна, аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба миқдори 914 665 тонна, аз Украина ба миқдори 206,1 тонна ва аз Ҷумҳурии Беларус ба миқдори 161,8 тонна ворид карда шудааст.
Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоиди рақобатпазирӣ ва пешгирӣ намудани болоравии беасоси нархи маводи сӯзишворӣ, аз ҷумла бензин, сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ мониторинги бозор гузаронида, ҳолати рақобатро дар он баҳогузорӣ менамояд.
Рафти мониторинги бозори маводи сӯзишворӣ нишон дод, ки аз аввали соли 2021 афзоиши нархи чаканаи сӯзишворӣ, аз ҷумла бензин, сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерасад.

ЧАРО НАРХИ СӮЗИШВОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН БОЛО РАФТ? Хабарннигори АМИТ «Ховар» бо ин савол ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ муроҷиат намуд
Аз ҷумла, ба ҳолати 14 октябри соли равон дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ нархи фурӯши чаканаи 1 литр бензини навъи «АИ- 95» аз 10,80 то 11,10 сомонӣ, бензини навъи «АИ-92» аз 10,20 то 10,50 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ аз 9,20 то 9,60 сомонӣ ва гази моеъ аз 7,30 то 7,50 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.
Мувофиқи маълумоти шабакаҳои интернетӣ ва воситаҳои ахбори омма, тамоюли баландшавии нархи маҳсулоти сӯзишворӣ дар кишварҳои истеҳсол ва содиркунанда, аз ҷумла Федератсияи Русия, Қазоқистон ва дигар давлатҳо мушоҳида карда мешавад.
нчунин аз дигар давлатҳои хориҷи дур ба миқдори 6 923 тонна ба маблағи 8 889 846 доллари ИМА бо нархи миёнаи 1284 доллари ИМА ворид карда шудааст.
ЧАРО НАРХИ СӮЗИШВОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН БОЛО РАФТ? Хабарннигори АМИТ «Ховар» бо ин савол ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ муроҷиат намуд
Воридоти маҳсулоти нафтӣ аз рӯи кишварҳои воридкунанда дар 9 моҳи соли 2021 дар шакли диаграмма чунин аст:
Дар 9 моҳи соли равон аз ҷониби 16 субъект ба ҷумҳурӣ 330 673,9 тонна гази моеъ ба маблағи 154 844 947 доллари ИМА ва бо нархи миёнаи 468 доллари ИМА барои як тонна ворид карда шуда, аз ин 91,54 фоизи воридот аз Ҷумҳурии Қазоқистон, 6,65 фоиз аз Ҷумҳурии Узбекистон, 1,44 фоизи воридот аз Ҷумҳурии Туркманистон ва 0,37 фоиз аз Федератсияи Русия мебошад, ки онро дар шакли диаграмма пешниҳод менамоем.
Воридоти гази моеъ дар ин давра аз Ҷумҳурии Қазоқистон 92,49 фоиз, Ҷумҳурии Узбекистон 6,38 фоиз, Ҷумҳурии Туркманистон 0,80 фоиз ва Федератсияи Русия 0,32 фоизро ташкил додааст.
Мувофиқи маълумоти сомонаҳои интернетӣ, арзиши як барел нефти навъи Brent ба ҳолати 5 октябри соли 2021 ба 82 доллар баробар гардидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба моҳи августи соли равон 6,78 доллар ё 9 фоиз зиёд мебошад.
Дар баробари ин, нархи як тонна сӯзишвории дизелӣ низ дар корхонаҳои коркарди нафти Федератсияи Русия боло рафтааст, ки тамоюли болоравии он дар диаграмма пешниҳод мегардад.
ЧАРО НАРХИ СӮЗИШВОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН БОЛО РАФТ? Хабарннигори АМИТ «Ховар» бо ин савол ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ муроҷиат намуд
Тавре ки аз диаграммаи мазкур бармеояд, афзоиши нархи як тоннаи сӯзишвории дизелӣ дар аввали моҳи октябр ба 580 доллар баробар гардидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба моҳи августи соли равон 70 доллар ё 13,7 фоиз зиёд мебошад ва нисбат ба моҳи январи соли равон 245 доллар ё 73,1 фоиз афзоишро касб кардааст.
Тамоюли болоравии нархи сӯзишвории дизелӣ дар бозори Ҷумҳурии Қазоқистон, ки содироткунандаи нафт ва маҳсулоти нафтӣ ба ҳисоб меравад, ба мушоҳида мерасад.
Ба иттилои Хадамоти зиддиинҳисорӣ, зимни сафари намояндагони Вазорати энергетика ва зихираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қазоқистон дар аввали моҳи октябри соли 2021 муайян гардид, ки соли равон дар бозори Ҷумҳурии Қазоқистон норасоии сӯзишворӣ, аз ҷумла сӯзишвории дизелӣ ба миён омада, бо мақсади бартараф намудани мушкилоти мазкур содироти онро ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи қатораҳои роҳи оҳан ва автомобилӣ манъ намуданд.
Роҳбарияти Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон иттилоъ доданд, ки аз маҷмӯи нафт ва конденсанти истихроҷнамудаи онҳо, ки беш аз 80 млн тонна нафтро дар як сол ташкил мекунад, доираи 17-18 млн тоннаи он дар дохили кишвар коркард карда мешавад (асосан аз ҷониби се корхона 16 млн тонна маҳсулоти нафтӣ коркард карда мешавад).
Новобаста ба ин, талабот ба сӯзишворӣ сол аз сол афзоиш ёфта, бо мақсади аз байн бурдани мушкилоти бамиёномада ба Федератсияи Русия ҷиҳати дастрас намудани сӯзишвории дизелӣ дар ҳаҷми 100 ҳазор тонна муроҷиат намудаанд.
Тибқи иттилои Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон, соли равон аз ҷониби онҳо содироти бензин ва сӯзишворӣ ба роҳ монда намешавад ва бо ба эътидол омадани вазъият масъалаи мазкур баррасӣ хоҳад шуд. Ҳамчунин намояндагони вазорати болозикр омодагии худро барои ҳамкорӣ дар содироти нафти хом дар мавриди таваҷҷуҳи ширкатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд.
Мувофиқ ба маълумоти шабакаҳои интернетӣ, нархи 1000 метри кубӣ гази табиӣ дар Аврупо ба 1900 доллар баробар гардидааст. Вобаста ба ин, давлатҳои Аврупо роҳҳои истифодаи алтернативии сӯзишворӣ, аз ҷумла ангишт, нафт, гази моеъ ва ғайраро амалӣ намуда истодаанд, ки ин боиси афзоиш ёфтани талабот ба ин намуди маҳсулот ва боло рафтани нархи онҳо мегардад.
Айни замон дар давлатҳои Аврупо аллакай талабот ба намудҳои гуногуни сӯзишворӣ зиёд гардида, дар натиҷаи арзиши нефт, ангишт ва дигар намуди маводи сӯхт боло рафта истодааст.
Бо назардошти вазъи баамаломада ҶДММ «Газпромнефт-Тоҷикистон» пешниҳод намудааст, ки бинобар сабаби зиёд шудани нархи маҳсулоти нафтӣ дар кишварҳои содиркунанда, аз ҷумла Федератсияи Русия эҳтимол аст охирҳои моҳи октябр ва аввали моҳи ноябри соли равон марҳила ба марҳила нархи як литр бензини АИ-95 то сатҳи 11,10 сомонӣ, АИ-92 то 10,90 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ то 10,50 сомонӣ афзоиш ёбад.
Айни замон дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ҳолати камчинӣ ҷой надошта, пастшавии нархи фурӯши чаканаи гази моеъ ва баландшавии нархи фурӯши чаканаи бензин ва сӯзишвории дизелӣ мушоҳида карда мешавад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки 30 сентябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон масъалаҳо вобаста ба тақвияти ҳамкорӣ дар самти харидорӣ гардидани маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла сӯзишвории дизелӣ, бензин ва гази моеъ аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор ва воридоти онҳо ба бозори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии «Узбекнефтегаз» баррасӣ гардид.
Мақомоти мазкур истихроҷ, истеҳсол ва интиқоли маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъро ба уҳда дорад.
ҶС «Узбекнефтегаз» имконият дорад, ки то 50-55 ҳазор тонна гази моеъро дар як сол бо назардошти маҳсулоти ҶДММ «ЛукойлУзбекистон Оперейтинг Компани» ба Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Аз ҷониби корхонаи мазкур иттилоъ дода шуд, ки моҳи декабри соли равон дар кони Шуртан, вилояти Қашқадарё (ҳамсарҳади Тоҷикистон) корхонаи коркарди маҳсулоти нафтӣ ба истифода дода мешавад, ки иқтидори истеҳсолии он 700 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ ва 300 ҳазор тонна авиакеросин дар як солро дар бар мегирад ва дар ин маврид ҳамкорӣ боз ҳам тақвият дода хоҳад шуд.
Новобаста ба вазъи баамаломада дар бозори маҳсулоти нафтӣ дар ҷаҳон, айни замон дар бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон камчинии маҳсулоти нафтӣ мушоҳида карда намешавад.
Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳолатҳои беасос баланд кардани нархи сӯзишворӣ бозори маҳсулоти нафтиро таҳти назорати доимӣ қарор дода, дар ҳолати худсарона баланд гардидани арзиши сӯзишворӣ нисбат ба субъектҳои хоҷагидор дар доираи вазифаҳои ба зиммааш вогузоргардида тадбир меандешад.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: