Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар бораи ҷаҳиши нархи сўзишворӣ

Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар бораи ҷаҳиши нархи сўзишворӣ

23-07-2021, 11:01
Хабарро хонданд: 160 нафар
Назарҳо: 0
Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар бораи ҷаҳиши нархи сўзишворӣ
Дар Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфтанд: - Дар нимаи аввали соли 2021, Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 8,5 ҳазор тонна камтар бензин ворид кардааст.
"Дар нимсолаи аввали соли равон ба кишвар 112,4 ҳазор тонна бензин ба маблағи 61,2 миллион доллар ворид шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,5 ҳазор тонна кам аст", - гуфт Сафаралӣ Қурбонзода, муовини аввали Хадамоти зиддиинҳисорӣ.
Бино ба шарҳи ў, тибқи мониторинги анҷомшуда, нархи миёнаи бензини воридотӣ дар январ-июни соли 2021 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29,7% (аз 420 то 545 доллар барои як тонна) афзоиш ёфтааст.
"Дар мавриди нархҳои ҳармоҳаи воридот маълум шуд, ки январ ва феврали соли равон нархи бензини воридотӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфта, аз марти соли равон афзоиш ёфтааст", - афзуд ў.
Зикр гардид, ки то 12 июли соли 2021 нархи чаканаи бензин дар нуқтаҳои фурўши сўзишворӣ аз 8,70 то 9,50 сомонӣ буд ва дар ҳоли ҳозир дар ин бахши бозори маҳсулот камбудие ба назар намерасад.
Аммо бар асоси таҳлили маълумоти гумрукӣ ва мониторинги мунтазами бозори молҳои воридотӣ, аз ҷумла бензин, сўзишвории дизелӣ ва гази моеъ, коҳишёбии фурўши чаканаи онҳо бо дарназардошти болоравии нархи як тоннаи он ҳангоми коркард ба назар мерасад, таъкид кард ў.
Ёдоварӣ шуд, ки дар Тоҷикистон 29 ширкати таъминкунандаи сўзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ сабти ном шудааст.
Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҷаҳиши нархи сўзишвориро ба болоравии нархҳо дар кишварҳои истеҳсолкунанда ҳам марбут донист.
Тоҷикистон сўзишворӣ ва молиданӣ, аз ҷумла бензин, сўзишвории дизелӣ ва гази моеъро асосан аз Русия ва Қазоқистон, инчунин, ба ҳаҷми ночиз аз Ўзбекистон ва Туркманистон ворид мекунад.
Мавзўи дигаре, ки рўзноманигорон дар Хадамоти антимонополӣ ба миён гузоштанд, болоравии нархҳо пеш аз идҳо буд. Дар ин маврид, мақомоти ин идора ваъда доданд, ки дар арафаи Иди Қурбон нархҳоро назорат хоҳанд кард.
Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон нархҳо дар нуқтаҳои савдоро дар арафаи иди "Иди Қурбон" бодиққат назорат хоҳад кард, - гуфт С. Қурбонзода.
Ба гуфтаи вай, хадамот бо дигар сохторҳои марбута ба хотири пешгирӣ аз болоравии шадиди нархҳо дар арафаи ин ид нархи хўроквориро назорат мекунад.
Ў ёдовар шуд, ки маъмулан дар арафаи чунин идҳо нарх боло меравад ва дар ҳақиқат аксар вақт дар кишвар нархгузории аз меъёр болои баъзе маҳсулот, хусусан мева мушоҳида мешавад".
С. ЮСУФОВ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: