Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » РӮЗИ ФАЛАК. Ин жанри мусиқии тоҷикӣ барои шомил гардидан ба Феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод шудааст

РӮЗИ ФАЛАК. Ин жанри мусиқии тоҷикӣ барои шомил гардидан ба Феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод шудааст

11-10-2021, 10:30
Хабарро хонданд: 174 нафар
Назарҳо: 0
РӮЗИ ФАЛАК. Ин жанри мусиқии тоҷикӣ барои шомил гардидан ба Феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод шудааст
Октябрь 10, 2021 09:08

ДУШАНБЕ, 10.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз соли 2007 ҳамасола 10 октябр Рӯзи фалак ҷашн гирифта мешавад. Устодони фалаксаро ба ин назаранд, ки фалак яке аз жанрҳои мушкилтарини соҳаи мусиқӣ мебошад. Зеро он бо дил хонда мешавад ва на ҳар ҳунарманд аз уҳдаи фалакхонӣ баромада метавонад. Ҳарчанд фалакро олимон ба чанд равия ҷудо намуда бошанд ҳам, аммо он аз як ҷо манша мегирад. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои онҳое, ки мехоҳанд дар равияи фалакхонӣ мактаби хешро дошта бошанд ва омӯзиш гиранд, тамоми шароит ва имконият фароҳам оварда шудааст. Яке аз чунин имконият- ин баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» мебошад.

Иштирокчиён Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» дар номинаи сарояндагӣ жанри анъанавӣ ва мусиқии суннатии тоҷик- фалакро иҷро ва пешниҳод мекунанд.

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Моҳрухсор Сафиева иброз намуд, бо баргузории озмуни мазкур исбот гардид, ки жанри миллии мо дар замири ҳар як тоҷикистонӣ ҷойгоҳи хоси худро дорад. Зеро дар жанри анъанавӣ иштирокчиёни фалаксаро бештар дида мешаванд. Инчунин дар муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳ ба ин равия низ бештар мебошад.

Моҳрухсор Сафиева, ки худ устоди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода буда, аз ин равия ба шогирдон таълим медиҳад, ба он назар аст, ки насли имрӯза ба жанри фалак шавқу рағбати бештар доранд. «Мо низ аз он чи шунидем, медонем ва таълим гирифтаем, имрӯз ба шогирдони хеш омӯхта истодаем. Баъзе аз шогирдони ин даргоҳ фалакро ончунин месароянд, ки гӯё аз модар фалаксаро ба дунё омада бошанд. Ин шаҳодати он аст, ки мардуми тоҷик санъатдӯст ва фарҳангпарвар мебошад»,-мегӯяд мавсуф.

Декани факултети мусиқии суннатии тоҷики Консерваторияи миллии Тоҷикистон Манучеҳр Бурҳонов зикр намуд, ки «Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» соли сеюм аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат роҳандозӣ мешавад. Нафароне, ки дар ин жанр баромад мекунанд, ҳам шумораашон зиёд аст ва ҳам садои зебо доранд, ки аз фаҳмишу дарки воло ва шавқу рағбати беандозаашон нисбат ба фалак дарак медиҳад».

Мавсуф ҳамчунин иброз дошт, ки фалак чун жанри мусиқии суннатии мардуми тоҷик аз замонҳои куҳан вуҷуд дошт ва бо мурури замон такомул ёфта, хусусияти тоза касб намудааст. Фалак ҳамчун мусиқии мардумӣ, фолклорӣ ва эҷодиёти халқ асосан дар намуди шифоҳӣ аз насл ба насл ба мерос мондааст. Фалакро аз рӯи қисматбандӣ ба фалаки даштӣ, фалаки роғӣ, фалаки қаландарӣ, фалаки сафарӣ, фалаки равона, фалаки ғарибӣ ҷудо намудаанд, ки ҳар яки он бо зарбу усул ва оҳанг аз якдигар фарқ мекунанд. Асоси пайдоиш ва тавлиди фалакҳои номбаршуда аз мақоми фалаки роғӣ сарчашма гирифта, то ба даврони мо омада расидааст.

Жанри фалак ба ғайр аз Тоҷикистон дар қисми шимолии Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон ва Эрон маъмул аст. Аз рӯи анъана матни асосии фалакро рубоӣ ташкил медиҳад, вале дар замони мо фалаксароён ҳангоми иҷрои сурудҳои фалакӣ ба ғайр аз дубайтиву рубоӣ, инчунин ғазалётро низ истифода менамоянд. Яке аз хусусияти хоси фалак бадоҳатан иҷро гардидани он аст ва он аз шахси фалаксаро оқиливу зиракӣ, сухандонӣ, маҳорати баланди касбӣ тақозо менамояд.

Тавре дар суҳбат бо мо магистри бахши якуми Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, ғолиби Шоҳҷоизаи даври шаҳрӣ Нуринисо Исрипшоева аз шаҳри Душанбе иброз дошт, «агар барои саройидани жанри фалак садои форам зарур бошад, иҷрои дурусти он барои ҳар нафар доштани устодро талаб менамояд ва ин хеле муҳим аст. Зеро ин жанр нозукиҳои хос дошта, маҳорати баланд талаб мекунад».

Мавсуф зикр намуд, ки нозукиҳои ин жанри мусиқиро ба ӯ устоди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Раҳматулло Ҳошим омӯзонидааст. Имрӯз дар фалаксароӣ ҳамон анъанаи мактаби устоду шогирд ҷараён дорад ва мо нозукиҳои фалакро аз устодонамон меомӯзем.

Бояд гуфт, ки 20 июли соли 1989 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо роҳбарии Давлатманд Холов ансамбли «Фалак» таъсис ёфт. 16 ноябри соли 2001 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ансамбли «Фалак» мақоми давлатӣ дода шуд ва ҳоло он дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Ҳамчунин соли 2015 дар номинаи мусиқии суннатии тоҷикон — фалак ба Ҷоизаи байналмилалии «GLOBAL RATING NOMI-NATION»-и Институти рейтинги байналмиллалӣ- «INTER-NATIONAL RATING SISTEM» — ЮНЕСКО мушарраф гардид.

Ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷистон, номинаи миллии «Фалак», ки қаблан ба Комиссияи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО пешниҳод гардида буд, аз ҷониби комиссияи мазкур тибқи банди 54-и дастурамали амалиёти Конвенсияи мазкур арзёбӣ шуда, аз нигоҳи техникӣ комил ба шумор рафтааст ва барои шомил гардидан ба Феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО мавриди корбарӣ қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки бахшида ба Рӯзи фалак аз ҷониби муассисаҳои зертобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои фарҳангӣ доир мегардонад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз манбаи боз
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: