Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Вазорати фарҳанг озмуни ҷумҳуриявии драманависон дар соли 2020-ро эълон кард

Вазорати фарҳанг озмуни ҷумҳуриявии драманависон дар соли 2020-ро эълон кард

15-01-2020, 08:53
Хабарро хонданд: 206 нафар
Назарҳо: 0
Вазорати фарҳанг озмуни ҷумҳуриявии драманависон дар соли 2020-ро эълон кардВазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ Озмуни ҷумҳуриявии драмнависонро эълон намуд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанг иттилоъ медиҳад, қабули асарҳо ба озмун аз 15 январи соли равон оғоз гардида, то 15 сенябр идома меёбад.

Ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур рушди драматургияи миллӣ, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ ва тарғиби санъати театрӣ дар мамлакат мебошад.

“Асарҳо дар се нусхаи чопи компютерӣ қабул карда мешавад. Асарҳои пешниҳодшаванда бояд мавзӯъҳои муосири таҷассумгари дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакатро дар замони истиқлолият дар бар гиранд”, — афзуд манбаъ.

Ғолибони озмун барои ишғоли ҷойи якум – 8 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм – 6 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм – 4 ҳазор сомонӣ мукофот хоҳанд гирифт.

Ҳамчунин се ҷоизаи ҳавасмандгардонӣ ҳар яке – 1000 сомонӣ муқарар гардидааст.

Хоҳишмандон барои гирифтани маълумоти муфассал ва пешниҳоди мавод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки драма як жанри адабӣ, саҳнавӣ, синамоӣ ва дар адабиёти асрҳои 18-21 хеле маъмул буд. Бо пайдоиши синамо, он низ ба ин шакли санъат гузашт, ки яке аз жанрҳои паҳнгаштаи синамо гардид. Дар драмаҳо, одатан зиндагии шахсии инсон ва муноқишаҳои иҷтимоии ӯ ба таври мушаххас тасвир карда мешаванд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: