Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Давлатманд Холов дар Фаронса

Давлатманд Холов дар Фаронса

9-07-2018, 08:52
Хабарро хонданд: 310 нафар
Назарҳо: 0
Давлатманд Холов дар Фаронса

Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, роҳбари Ансамбли давлатии "Фалак"-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатманд Холов дар барномаи Шоми фарҳангии Тоҷикистон дар Фаронса ҳунарманоӣ кард.

Тавре Сафорати Тоҷикистон дар Фаронса хабар медиҳад, чанде пеш дар Париж Шоми фарҳангии Тоҷикистон дар Фаронса баргузор шуд, ки дар он яке аз чеҳраҳои шинохтаи санъати тоҷик Давлатман Холов низ ширкат дошт.

"Дар барнома Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлатманд Холов ва устоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон Шавқатҷон Оқилов ҳунарнамоӣ ва ширкаткунандагонро ба ваҷд оварданд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Дар чорабинии мазкур намояндагони вазорату идораҳои Франсия, ҳайати дипломатии кишвари иқомат, гурӯҳҳои тиҷоратӣ, доираҳои илмӣ-фарҳангӣ, инчунин тоҷикони муқими ин кишвар ва дӯстони Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Зимни чорабинӣ бо мақсади муаррифии бештари кишварамон мизи миллии тоҷикӣ пешкаши меҳмонон гардида, гӯшаи ҷудогона бо лавҳаю овеза ва аксҳои ҷолиб ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Ёдрас мешавем, Давлатманд Холов пештар дар як мусоҳиба бо хабарнигорон гуфта буд, ки пас аз ҳунарнамоӣ дар барномаи "Шоми дӯстӣ" саҳнаро тарк мекунд ва ба деҳқонӣ машғул мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: