Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Чаро Шашмақом бемақом аст?

Чаро Шашмақом бемақом аст?

17-05-2018, 09:45
Хабарро хонданд: 374 нафар
Назарҳо: 0
Чаро Шашмақом бемақом аст?
Санъати мусиқии Шашмақом як рукни асосии мероси фарҳангии тоҷикон таърихи зиёда аз ҳазорсола дошта, шоҳкориест, ки назирашро пайдо кардан номумкин аст. Шашмақом садоест, аз олами ишқу ирфон, ки дар он ишқи пок, фалсафаи зиндагӣ ва маърифати он, арзишҳои ботинии инсону зебоии табиат таҷассум ёфтааст.
Мусиқии Шашмақом дар замони Шўравӣ қариб асолати худро аз даст дода буд. Танҳо баъди Соҳибистиқлол шудани кишвар Шашмақом аз тарафи ҳукумат ҳамчун як рукни асосии фарҳанги ниёгони тоҷикон шинохта шуд ва бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 майи соли 2000-ум таҳти № 294, 12 май санаи таҷлили ҳарсолаи Рўзи Шашмақом муайян гардид. Ҳамчунин, бо Қарори ташкилоти байналмилалии ЮНЕСКО Шашмақоми тоҷикон чун мероси беназири фарҳангии башарият эътироф шуд.
Бо назар ба ин ҳама иқдоми нек баҳри пойдориву рушди Шашмақом он то ҳол мақому манзалити пешинаи худро дар байни мардум касб накардааст. Ҳоло қисми ками мардуми тоҷик Шашмақом гўш мекунанд, ки асосан зиёиён ва калонсолон мебошанд. Аммо саволҳое ба вуҷуд меояд. Чаро танҳо зиёиёну калонсолон Шашмақом гўш мекунанд, аммо ҷавонон ва мардуми одӣ не?! Чаро ҷавони тоҷик забони хориҷиро намефаҳмаду, мусиқии хориҷӣ гўш мекунад, вале Шашмақомро, ки бо забони модариаш суруда шудааст, намеписандад? Чаро бархе инсонҳо ба хотири “замонавӣ шудан” аз мероси фарҳангии ниёкони хеш рўй мегардонанд?!
Муҳити имрўзаи мусиқии моро оҳангҳои бегона иҳота намудааст. Аз ҳар кўчаи шаҳр чун бигзарӣ, садои мусиқии бегона ба гўш мерасад. Бахусус, аз радиову телевизионҳо (хоса мустақил), ошхонаҳо, қаҳвахонаҳо, мағозаҳо, сартарошхонаҳо ва монанди инҳо. Агар боре хоҳед, барои харидани фитаи оҳангҳои Шашмақом ба мағозаи фитафурўшӣ биравед, як фитаи Шашмақомро пайдо кардан душвор аст. Ҳатто, баъзе ҳолатҳое шудааст, ки ба фурўшанда гўйед, ки як фитаи Шашмақом диҳад, вай чанд фитаи хонандаҳои сурдҳои халқиро пешниҳод мекунад. Гумроҳӣ ва бехабарӣ то ҳамин ҳад расидааст, ки фалклорро аз шашмақом фарқ карда наметавонем.
Барномаҳои мусиқавии садову симои кишвар бештар оҳангҳои хориҷиро пахш мекунанд. Аҳён-аҳён дар садову симои давлатӣ оҳангҳои Шашмақом садо медиҳад, ки ки вақти пахши он низ қариб ҳамаи мардум дар хобанд. Садову симои мустақили мо оҳангҳоеро пахш мекунанд, ки умуман ба фарҳанги мардуми тоҷик созгор нест. Тарфдори он нестем, ки оҳангҳои хориҷӣ тамоман пахш нашавад, хоҳони онем, фақат беҳтаринҳо, дорои мазмуну оҳанги баланд садо диҳанд ва афзалият ба мусиқиҳои асили тоҷикӣ дода шавад, ба монанди Шашмақом ва Фалак. Имрўз кам ҷавоне пайдо мешавад, ки дар телефони ҳамроҳаш чанд оҳанги калассикӣ, хусусан, Шашмақому Фалак сабт карда бошаду гўш кунад. Агар ду-се соли оянда ҳамин гуна фазои мусиқии моро оҳангҳои хориҷӣ пур кунанд, эҳтимол, умуман, мардум аз оҳангҳои классикии худ бехабар мемонанд ва гўш ҳам накунанд. Инсонҳое, ки Шашмақом гўш медиҳанд, аз хислатҳои бад орӣ мемонад ва сатҳи маърифаташон баланд мешавад, хоса ҷавонон.
Шашмақом дар гузашта зинатдиҳандаву гармкунандаи маҳфилҳои адабӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ буд, аммо ҳоло то андозае аз маҳфилҳо ва чорабиниҳои идонаи мо дур мондааст. Чорабиноҳое, ки бахшида ба идҳои бузурги мо дар боғҳову кохҳои пойтахт гузаронида мешаванд, боре як оҳанги Шашмақом садо намедиҳад Иди бузурги мо, Наврўз, ки дар боғҳои фарҳангиву фароғатии пойтахт таҷлил мешавад, боре ҳам дар барномаҳои онҳо як оҳанги Шашмақом ба гўш намерасад. Бо вуҷуди он ки чандин оҳанги Шашмақом ба Наврўз бахшида шудааст. Чаро Шашмақоме, ки чароғи маҳфилҳову оромбахши рўҳи инсонҳо буд, кунун дар чашми мардум ба як мусиқии қадимаи берўҳ табдил ёфтааст? Сабаб ин ҷост, ки мо дидаву дониста худро аз шоҳкории ҷонбахши меросиамон канор кашида истодаем.. Бархе бар он ақидаанд, ки оҳангҳои Шашмақомро мардум намеписанданд, ба ҳамин хотир бештар оҳангҳои хориҷӣ суруда мешавад. Агар қонуну қоида ва як чорчўбаи муайяни фарҳанги миллӣ набошад, ҷомеа дар муддати кўтоҳ бенизом мешавад ва оқибат нобуд мегардад. Моро дар масири таърих чандин бор аз фарҳангу тамаддуни хеш дур карданд ва ба ҳар роҳ фарҳангу тамаддуни худро ба мо таҳмил карданд. Аммо мо имрўз озодем, ҳеҷ таҳдид ва қувваи берунӣ нест, ки нагузорад мо фарҳанги худамонро дошта бошем. Миллатро бо фарҳангу таърихаш мешиносанду эътироф мекунанд ва тақозои замон он аст, ки мо бояд фарҳаги аҷдодиамонро аз хатарҳои замон эмин нигоҳ дорем.
Шашмақом чун Наврўз ва дигар мероси фарҳангии тоҷикон дар тўли мавҷудияташ ба марҳилаҳои зиёди нобудшавӣ рўбарў гардидааст. Аз юнониву араб то муғулу турк ба хоки сарзамини мо ҳуҷум карданд, қисми бештари осори фарҳангиамонро сўхтанду нобуд карданд ва бахше аз онро бо худ бурданд. Вале Шашмақом, чун аз азал дар рагу рўҳи тоҷикон ҷой дошт, аз байн нарафт, ҳатто ғосибон онро эътироф карданд ва имрўз ҷузъе аз фарҳанги худ меҳисобанд. Бо шарофати нафаси ҷонбахши Истиқлолият ва иқдомҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шашмақом ҳамчун як рукни фарҳанги беназири тоҷикон умри дубора бахшида шуд. Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳои хеш Шашмақомро чунин баҳо додаанд: “Шашмақом ин ҷаҳони мо, забони мо, фарҳанги мо ва ҳастии мост”. Воқеан, ҳастии ҳар миллат аз забону фарҳанги куҳани он вобаста аст. Ҳам забон ва ҳам таъриху тамаддуни мо, тоҷикон дар Шашмақом сабт шудааст.
Имрўз рисолати ҳар яки мост, ки бояд мероси фарҳангии гузаштагонамонро бишносем ва ҳифз намоем. Аз Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва оромиву озодии Ватани азиз самаранок истифода намуда, миллату меҳани худро бо таърихи куҳан ва фарҳанги волояш ба оламиён муаррифӣ кунем.


Абдурозиқ Абўнасрзода, донишҷўйи
факултети рўзноманигории ДМТ

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: