Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Хуҷанд:Пешравӣ дар муттаҳидист

Хуҷанд:Пешравӣ дар муттаҳидист

7-10-2021, 07:53
Хабарро хонданд: 105 нафар
Назарҳо: 0
Хуҷанд:Пешравӣ дар муттаҳидист

Дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои созандаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ин навбат гурӯҳи тарғиботӣ – ташвиқотии назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд вохӯриро ҷиҳати пешгирӣ аз терроризм ва экстремизм, танзими ҷашну маросимҳо ва ҷудошавии оилаҳо дар маҳаллаҳои “Суғдиён”, “Тиллокон” ва “Темурмалик” бо фаъолони маҳалла идома доданд.Дар вохӯрӣ намояндаҳо аз КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, сармуҳаррири рӯзномаи “Сухани халқ” Абдусабур Абдуваҳҳобов ва мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Заррина Манонова перомуни мавзӯъҳои зикршуда баромад намуданд. Тарғиботчиён оиди пешгирӣ намудани ҳодисаҳои номатлуб, шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, риоя намудани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросимҳои миллӣ”, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, фарҳанги либоспӯшӣ сухан намуда, бо мисолҳои возеҳ фарҷоми чунин амалкардро фаҳмониданд. Аз фаъолони маҳаллаҳо даъват ба амал оварданд, ки дар ҳамҷоягӣ барои рафъи мушкилиҳо кӯшиш варзем. Дар охири вохӯрӣ фаъолонӣ маҳалла низ фикру андешаҳояшонро перомуни масъалаҳои зикршуда баён намуда, арзи миннатдории хешро ба роҳбарияти кумиҷроияи шаҳрӣ ва вилоятӣ ҷиҳати фароҳам овардани чунин мулоқот иброз доштанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: