Мулоқот дар маҳалҳои дурдаст3-08-2017, 14:29
Хабарро хонданд: 347 нафар
Назарҳо: 0
АШТ. Бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил намудани вохӯриву мулоқот ва сӯҳбатҳо дар маҳалҳои дурдасти ноҳия бо аҳолӣ, махсусан занону духтарони хонашин ва ҷавонони бекор Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб аҳамияти махсус зоҳир менамояд. Рӯзи гузашта тибқи нақшаи корӣ раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб Мадаминова М. бо собиқадорони меҳнат ва занони хонашини деҳаи Бободархон оиди масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, фарҳанги либоспӯшӣ мулоқот доир намуд. Қайд карда шуд, ки имрӯзҳо масъалаи ҷудошавии оилаҳои ҷавон, шомилшавии бархе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ва инчунин ба фарҳанги либоспушии бегона майл намудани баъзе аз занону духтарони тоҷик ташвишовар мебошад, ки бояд пеши роҳи ин падидаҳо гирифта шавад. Дар ин ҷода моён, бонувони ҳизбӣ, занону духтаронро зарур аст, ки нисбати моҳияти аслии масъала дар байни мардуми маҳали хеш корҳои фаҳмондадиҳиро дуруст роҳандозӣ намоем. Собиқадори меҳнат, аъзои фаъоли ҲХДТ Майнусова Масрура нисбати ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон миннатдории хешро баён намуда, бобати корбарӣ дар ин самт бо истифода аз донишу малака ва таҷрибаи кории собиқадорони деҳа, фаъолон мулоҳизаронӣ намуд. Дар мулоқоти мазкур инчунин бобати тарғибу ташвиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросмиҳо дар Ҷумҳурии Тоҷкиситон» ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз мулоқот бо аҳли ҷамоатчигии кишвар бармеояд, сӯҳбат ороста шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.