Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ПЕШРАФТ ВА ТАРАҚҚИЁТИ ҲАР ЯК ДАВЛАТРО БЕ СОХТМОНҲОИ АЗИМ ТАСАВВУР КАРДАН ҒАЙРИИМКОН МЕБОШАД

ПЕШРАФТ ВА ТАРАҚҚИЁТИ ҲАР ЯК ДАВЛАТРО БЕ СОХТМОНҲОИ АЗИМ ТАСАВВУР КАРДАН ҒАЙРИИМКОН МЕБОШАД

28-09-2021, 09:11
Хабарро хонданд: 179 нафар
Назарҳо: 0
ПЕШРАФТ ВА ТАРАҚҚИЁТИ ҲАР ЯК ДАВЛАТРО БЕ СОХТМОНҲОИ АЗИМ ТАСАВВУР КАРДАН ҒАЙРИИМКОН МЕБОШАД
Андеша:. 9 сенябри соли 1991 Тоҷикистони мо Истиқлолияти давлатиро ба даст овард. Мардуми шарифи кишвар шаҳди меваи соҳибдавлатиро баъди ҳазор сол аз нав чашиданд. Соҳибихтиёрӣ моро водор сохт, ки дар ободкории ватани азизамон камари ҳиммат бубандем. Масъалаҳои сохтани нерӯгоҳҳои барқӣ, нақб ва роҳҳои автомобилгард, корхонаҳои калони саноатӣ акнун мебояд ҳалли худро меёфтанд. Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи ин сохтмонҳои азимро саривақт ва устокорона тарҳрезӣ намуданд, ки саҳми сарвари давлат дар он беҳамтост.
Дар як вақти кӯтоҳ бо сиёсати хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллат, маҳбуби хурду бузурги миллатти куҳанбунёд, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давлатамон корҳои зиёде анҷом дода шуданд, ки зиндагии шоистаи ин миллатро таъмин намуд. Комёбиҳои даврони соҳибистиқлолӣ назаррас мебошанд.
Сохтмони нерӯгоҳҳои барқии хурду калон аз рӯйи нақшаи мувофиқ дуруст ба роҳ монда шуданд. Бо ҳамкории кишвари бо мо дӯст — Россия ду агрегати нерӯгоҳи Сангтӯда I ба истифода дода шуданд. Оғози сохтмони иншооти бузурги аср – Роғун ҳаёти мардуми тоҷикро ба кулли дигаргун намуд. Албатта ин иншоотҳои бузург дар пешрафти иқтисодии кишвар таккони ҷиддӣ бахшид ва ояндаи давлати мо ва ояндаи мардуми тоҷик дурахшон гардид.
Мувафaақиятҳои даврони истиқлол зиёданд. Дар давоми 30 сол иншоотҳои калони саноатӣ низ сохта шуданд. Қариб дар ҳар як ноҳия ва шаҳр корхонаҳо, муассисаҳо таълимӣ, боғчаҳо, беморхонаҳои хурду бузург, боғу гулгаштҳо ва ҳазорҳо иншоотҳои дигар мавриди истифода қарор гирифтанд.
Ба ободиву зебогии пойтахти азизамон — шаҳри Душанбе ҳам эътибори ҷиддӣ дода шуд. Биноҳои зиёди замонавӣ ва осмонбӯс дар ҳама кӯчаҳои он қомат афрохтаанд ва ба ҳусни шаҳр ҳусни тоза зам намудаанд. Хулоса, кишвари азизу биҳиштосоямон рӯз то рӯз тараққи намуда, комёбиҳо дар ҳама бахш назаррасанд. Ҳар як фарди солимфикр ва меҳандӯст бояд дар ин ободкориҳо ҳиссаи арзандаи худро гузорад. Чунки ин қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост.
Мирзоева Г, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: