НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ҶОМЕА4-09-2020, 13:00
Хабарро хонданд: 636 нафар
Назарҳо: 0
Бунёди давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёд барои ташаккули низоми бисёрҳизбӣ ва татбиқи гуногунфикрии сиёсӣ дар ҷомеа заминаҳои мусоид эҷод кард. Хусусан, бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки дар раванди сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол як падидаи наве буд. Ҳизб, бешубҳа ҳамчун мактаби низоми сиёсӣ дар ташаккули сиёсии шахс таъсири созанда дорад. Ҳоло ҳизби мо ҳудуди ним миллион аъзо дорад ва нақши он дар тамоми арсаҳои ҳаёти ҷомеаи мадании Тоҷикистон ба хубӣ эҳсос мегардад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар воқеъ ҳизби мардумӣ буда, мутобиқи Барномаи нави рушд таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” пайваста саъю талош менамояд. Ҳадафи асосии ҳизб созандагию бунёдкорӣ, ободонии диёр, таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва рӯз аз рӯз тараққӣ намудани тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ба шумор меравад. Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як вохӯрию мулоқот бо сокинони мамлакат ва баромадҳояшон ҷиҳати ободонию бунёдкорӣ ва созандагиҳо суханронӣ намуда, таъкид менамоянд, ки ҳар як фарди худшиносу худогоҳ бояд содиқонаю софдилона Ватани худро дӯст дорад ва баҳри ободии он саҳмгузор бошад. Баҳри таъмини сулҳу субот, оромии ҷомеа ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ камари ҳиммат бандад. Бояд ба як воқеияти таърихӣ эътироф кард, ки шаклгирӣ ва таҳкими истиқлолияти кишварамон бо фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи ногусастанӣ дорад. Бешак, истиқлолияти давлатӣ роҳи таърихии давлати моро дар самти ҷомеаи демократӣ, эътирофи сиёсӣ ва ҳуқуқии давлати Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян кард. Дар ин замина, дар партави сиёсати хирадмандона ва раиятпарваронаи Раиси ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор низ, корҳои ободонию созандагӣ бо роҳбарии роҳбари ҷавону кордони шаҳр, Шарифҷон Ҷумъазода аз ҷониби фаъолони ҳизб, сокинони шарафманд, соҳибкорони ватандӯст ва шахсони алоҳида ба роҳ монда шуда, хонаҳои истиқоматии баландошёна ва биною иншоотҳои самташон гуногун бо тарҳи замонавӣ сохта, ба истифода дода шуда истодааст. Дар асоси қарори раиси шаҳри Ҳисор аз 14 марти соли 2019, №251 “Дар бораи тадбирҳои тақвияти корҳои тарѓиботӣ дар шаҳр” гурӯҳи корӣ ва 12 зергурӯҳ таъсис дода шудааст. Ба замми сохторҳои марбута ба зергурӯҳҳои корӣ 18 нафар аъзои Кумитаи иҷроия ва 119 нафар фаъолони ҳизб ҷалб гашта, дар маҳаллу корхонаву ташкилотҳо баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корбарӣ намуда истодаанд, ки ин бори дигар саҳми фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар рушду тараққиёти ҷомеа собит месозад. Гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон соҳибкорон ва аҳолӣ оид ба вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, аз ҷумла бунёди муассисаҳои таълимию томактабӣ, марказҳои саломатию солимгардонӣ, китобхона, корхона ва коргоҳҳои саноатӣ, сехҳои дӯзандагӣ ва ҳунаромӯзӣ, майдончаҳо ва толорҳои варзиш сартарошхона, ҳаммом, нонвойхона, майдончаҳои дилхушии кӯдакон, маѓозаҳои ниёзи мардум, таъмиру сангфаршкунии роҳҳои дохилии деҳаҳо, чароѓонкунии кӯчаҳо, ташкили нуқтаҳои партовпартоӣ, тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо, таъмини оби нӯшокӣ, таъмири биноҳои маъмурӣ ва хонаҳои истиқоматӣ дар ҳар як маҳалла ва деҳаҳо бо аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо баргузор намуда, корҳои ташвиқотию тарѓиботиро ба роҳ монданд. Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба таҷлили ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр иншоотҳои хурду бузург, аз ҷумла сохтмони 22 муассисаи томактабӣ, 6 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 3 китобхона, 2 боѓи фарҳангӣ, 2 гулгашт, 1 беморхона, 5 бунгоҳи тиббӣ, 41 маркази тиббӣ, 3 таваллудхона, 3 нуқтаи хатнакунӣ, 24 адад дорухона, 14 толори варзиш, 40 майдончаи варзиш, 6 майдончаи бозиҳои кӯдакон, 1 меҳмонхона, 40 сартарошхона, 20 ҳаммом, 20 кошонаи ҳусн, 50 маркази савдо, 45 маркази хизматрасонӣ, 2 корхонаи коркарди шир, 33 коргоҳи дӯзандагӣ, 20 дӯкони ҳунармандӣ, 5 коргоҳи дӯхти либоси мактабӣ, 4 коргоҳи қолинбофӣ, 2 коргоҳи атласбофӣ, 3 коргоҳи адрасбофӣ ва 144 адад дигар иншоотҳо ба нақша гирифта шудааст. Дар умум аз ҳисоби 767 иншооти банақшагирифташуда 261 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, дар иншоотҳои дигар сохтмон бомаром идома дорад. Дар давраи солҳои 2018-2019 аз иншоотҳои банақшагирифташуда дар ҳудуди шаҳр аз ҷониби фаъолони ҳизб, сокинон, соҳибкорон ва шахсони алоҳида 261 иншоот сохта, ба исифода дода шуд, ки аз он дар соли 2018 47 иншоот ва дар соли 2019 157 иншооти хурду бузург дар арафаи ҷашну идҳои таърихӣ бо ташкили чорабиниҳои гуногун ба истифода дода шуд. Инчунин, дар ин давра аз ҷониби фаъолони ҳизб ва соҳибкорони ватандӯст шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 154 муроҷиат нисбати сохтмони иншоотҳои гуногун ба қайд гирифта шуда, то имрӯз аз ин ҳисоб 34 иншоот ба истифода дода шуд. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки бахшида ба ҷашни 29 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз сохтмони 93 биною иншоотҳои самташон гуногун аз ҷониби шахсони саховатпеша, соҳибкорони ватандӯст ва фаъолони ҳизб ба итмом расида, мавриди истифодабарӣ қарор дода мешавад. Ҳамаи ин корҳои ободонию созандагӣ чи дар сатҳи ҷумҳурӣ ва чи дар сатҳи шаҳр аз ҳидоятҳои раиятпарваронаи Раиси Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифта, аз саҳми соҳибкорони ватандӯст, мардуми шарафманди диёр ва фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушду тараққиёти ҷомеа дарак медиҳад. Фаррух АЛОВИДДИНОВ,
раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.