Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Суханронӣ дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати оғози кори агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»

Суханронӣ дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати оғози кори агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»

17-11-2018, 19:30
Хабарро хонданд: 215 нафар
Назарҳо: 0
Суханронӣ дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати оғози кори агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»
17.11.2018 18:02, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони гиромӣ!

Оғози кори агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» барои тамоми сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи фаромӯшнашаванда ва рӯзи таърихӣ мебошад, ки мо онро солҳои дароз интизор будем ва барои расидан ба ин нияти некамон шабу рӯз заҳмат кашидем.

Барқи аввали нерӯгоҳи “Роғун” - чароғи равшани хонадони мардуми Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамонро ба хурду бузурги кишвар ва кулли ҳамватанони бурунмарзӣ самимона табрик мегӯям.

Ҳукумати Тоҷикистон баъди дар кишвари азизамон барқарор гардидани сулҳу субот тасмим гирифт, ки бо вуҷуди вазъи мушкили молиявию иқтисодии мамлакат, сохтмони ин нерӯгоҳи азими барои мо ҳаётан муҳимро оғоз намояд.

Дар шароити басо мушкил, яъне дар айёме, ки дунёро буҳрони шадиди иқтисодӣ фаро гирифта буд ва иқтисоди миллии мо низ таҳти фишори он қарор дошт, мо бо азму иродаи қавии мардуми кишварамон ва бо дарназардошти манфиатҳои миллиамон ба бунёди ин нерӯгоҳ шурӯъ кардем.

Зеро бидуни сохтмони «Роғун» талаботи мунтазам афзояндаи аҳолӣ ва соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишварро бо барқ қонеъ намудан ва рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро таъмин кардан ғайриимкон мебошад.

Яъне нерӯгоҳи «Роғун» омили муҳимтарини рушду тараққиёти минбаъдаи Тоҷикистон ва зиндагии осудаи мардуми он ба ҳисоб меравад.

Маҳз аз ҳамин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат «Роғун»-ро иншооти сарнавишсоз ва сохтмони бузурги аср эълон карда, корҳои бунёди онро бо ҷалби ширкатҳои ватаниву хориҷӣ ва мутахассисони соҳибтаҷриба ба роҳ монд.

Бо мақсади суръат бахшидан ба сохтмони иншоот илова ба маблағҳои буҷетӣ мардуми шарифи Тоҷикистон, ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорону тоҷирон, инчунин, ҳамватанони бурунмарзиамон тавассути харидорӣ кардани саҳмияҳои нерӯгоҳ ҳиссаи арзишманд гузоштанд.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ман ба ҳамаи онҳое, ки саҳми ватандӯстонаи хешро ба иншооти бузурги аср гузоштанд, бори дигар миннатдорӣ баён менамоям.

Ҳамватанони азиз!

Солҳои охир талабот ба нерӯи барқ дар миқёси ҷаҳон ва минтақа мунтазам афзоиш ёфта истодааст ва тибқи пешгӯии мутахассисон дар давлатҳои ҷаҳон талабот ба он то соли 2030 нисбат ба аввали асри бистуякум қариб чор баробар зиёд хоҳад шуд.

Афзоиши табиии шумораи аҳолӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, яъне рушди иқтисоди миллӣ ва афзудани талабот ба нерӯи барқ тақозо мекунад, ки ҳаҷми истеҳсоли он дар кишвар афзоиш дода шавад.

Дар 27 соли соҳибистиқлолӣ истеъмоли нерӯи барқ аз ҷониби аҳолӣ сеюним баробар зиёд гардида, ин рақам соли 2017 ба 5,7 миллиард киловатт-соат расид ва имрӯз беш аз 42 фоизи истеъмоли дохилии нерӯи барқ ба аҳолии кишвар рост меояд.

Ҳамзамон бо ин, барои ноил шудан ба рушди саноат ва баланд бардоштани қобилияти рақобати маҳсулоти саноатӣ бояд сатҳи таъминоти кафолатноки нерӯи барқ таъмин карда шавад.

Маҳз бо мақсади таъмин намудани рушди босуботи кишвар ва мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии он мо тараққиёти соҳаи энергетикаи обиро самти муҳимтарину афзалиятноки сиёсати иқтисодии худ ва расидан ба истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ эълон кардаем.

Дар зарфи 27 соли истиқлолият дар кишварамон беш аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта шуданд. Дар баробари ин, мо ба таҷдиду навсозии нерӯгоҳҳои мавҷуда оғоз кардем, ки ҳоло ин раванд бомаром идома дорад.

Сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар дарёҳои Тоҷикистон ба таъмин намудани тавозун байни талабот ба қувваи барқ ва захираҳои об мусоидат карда, барои идоракунии устувори захираҳои об ва коҳиш додани норасоии нерӯи барқ дар минтақа кумак мерасонад.

Яке аз хусусиятҳои даврони муосир - тамоюли глобалии ташаккули “иқтисоди сабз” ва дар ин замина, рӯ овардан ба манбаъҳои таҷдидшаванда ва аз лиҳози экологӣ тозаи истеҳсоли нерӯи барқ мебошад.

Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, ки яке аз манбаъҳои асосии истеҳсоли “энергияи сабз” ба шумор мераванд. Мо мехоҳем ин имкониятҳои азимро на танҳо ба нафъи худ, балки ба манфиати минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ истифода барем.

Ба ин манзур тайи солҳои охир ҷиҳати зиёд кардани истеҳсоли нерӯи барқ ва тавсеаи шабакаҳои интиқоли он аз ҷониби мо як қатор лоиҳаҳо таҳия шуда, бо ҳамкории шарикони байналмилалӣ татбиқи як қатор лоиҳаҳо ба итмом расидааст ва амалӣ намудани чандин лоиҳаҳои дигар идома дорад.

Зимнан, ҳоло татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи “КAСA-1000» оғоз гардидааст, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он барои афзоиши содироти нерӯи барқ ба ҳамсояҳои дуру наздики мо баробар бо талаботи рӯзафзуни бозори минтақавии энергетикӣ заминаи мусоид муҳайё мегардад.

Ҳамватанони гиромӣ!

Ташаккул додани маданияти сарфакорӣ дар байни аҳолӣ ва ҳамзамон бо ин, истифодаи васеи таҷҳизоту технологияҳои каммасраф яке аз омилҳои муҳимми рушди босуботи иқтисодии кишвар ва хизмати дарозмуддати иншооти бунёдгардидаи энергетикӣ мебошад.

Яъне ҳамаи мову шумо, ҳамватанони азиз, бояд ба қадри сарватҳои миллӣ, заҳмати бунёдкорони иншооти энергетикӣ ва кормандони соҳа расем.

Мо бояд дар ёд дошта бошем, ки иқтисодиёт ва мардуми кишвари азизи мо солҳои зиёд бо сабаби танқисии нерӯи барқ дар фасли сармо азият мекашиданд.

Норасоии нерӯи барқ тайи солҳои зиёд на танҳо ба иқтисодиёти кишвар, балки ба ҳамаи соҳаву бахшҳои иҷтимоӣ ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ таъсири манфӣ расонид.

Бо итминони комил изҳор менамоям, ки нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар самти истиқлолияти энергетикии кишварамон саҳми бузурги худро мегузорад ва ман ин рӯзи таърихии ба фаъолият оғоз кардани агрегати якуми онро бори дигар ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Ба ҳамаи бунёдкорони ин иншооти тақдирсоз ва ширкатҳои ҳамкори хориҷӣ, ки дар ин сохтмони бузурги аср софдилона заҳмат мекашанд, изҳори сипосу миннатдорӣ карда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаашон барору комёбиҳо орзу менамоям.

“Роғун” манбаи нури ҳар як хонадон, гармии қалби ҳар як фарди Ватан, сарчашмаи иқболу сарбаландии мардуми тоҷик, кафолати рушди босуботи Тоҷикистон ва нуфузу обрӯи давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошад!

Ба фаъолият шурӯъ намудани агрегати аввали “Роғун” - мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ва рамзи сарбаландии имрӯзу фардои наслҳои Ватан муборак бошад!

Ҳамеша саломату сарбаланд ва хонаобод бошед, ҳамватанони азиз!
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: