Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромуш намешавад26-02-2016, 18:15
Хабарро хонданд: 283 нафар
Назарҳо: 0
Бо ташаббуси намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар ноҳияи Шоҳмансур бо ҷалби аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”, дар атрофии оромгоҳи шаҳидоне, ки дар барқароркунии сохти кониститутсионӣ ҷон нисор намудаанд, шанбегӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Бобохонов Раҷабалӣ, роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Шоҳмансур ва аъзоёни фаъоли он иштирок доштанд.
Ќабл аз оѓоз Бобохонов Раљабалї, роњбари намояндагии ТЉЉ «Созандагони Ватан» сухан намуда, қайд мекунад: «Афсарону аскароне, ки дар барқарор кардани сохти конститутсионӣ кўшиш намуданд, бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор мубориза бурданд, инчунин барбод доданд кӯшишҳои гурӯҳҳое, ки қасди табаддулоти давлатиро доштанд, мо фаромуш намесозем, зеро онњо аз худ шуҷоату матонати бузургро нишон доданд. Аз ин рў, душманон ба маќсади худ нарасиданд ва нахоњанд расид». |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.