Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » КОНИБОДОМ: Ашки чашми модари афғон бас аст!

КОНИБОДОМ: Ашки чашми модари афғон бас аст!

27-09-2021, 08:11
Хабарро хонданд: 127 нафар
Назарҳо: 0
КОНИБОДОМ: Ашки чашми модари афғон бас аст!
Ҷанг меорад ба инсон дарду ғам,

Ҷанг ин нокомию зулму ситам.

Ҷанг доғи синаи хурду калон,

Ҷанг ин вайрониву ранҷу алам.

ИЗҲОРОТ: Оре, ҷанг,садои тиру туфанг, садое,ки миллионҳо одамонро сарсону тарсон мекунад. Садое, ки ҳазорҳо модаронро бефарзанд, ҳазорҳо занонро бешавҳар ва ҳазорон мардумонро бе хонаву дар бинмудааст. Ин садо солҳои сол гуши мардуми Афғонистонро мехарошад ва миллати афғонро қариб ба вартаи нобудӣ мебарад.

Имрӯз оҳи модари афғон ба фалак мепечад, аз даҳшати ҷанг, аз алам, аз нофаҳмию бераҳмии душманоне, ки мардуми афғонро нобуд ва бераҳмона мекушанд. Нафароне, ки ҳадафашон кутоҳандешона аст. Зеро набояд, ки хун бирезад, набояд, ки садои тир боми хонадони афғонро ларзонад, набояд, ки фарзанди афғон бесаробон бимонад. Набояд, ки ашки чашмони модарони афғон бирезад!

Ашки чашми модари афгон бас аст,

Нолахои тифлаки гирен бас аст.

Сулх бошад ,халки афгон дар амон

Чанг дар хоки Афгонистон бас аст!

Тоҷикистониён ғами ҳамсоякишвари Афғонистонро мехӯранд,ки фазояш ноором аст. Мардумаш парешону аз зиндагии осуда маҳрум. Кудаконаш гуруснаву сарсон. Осмонаш рузу шаб торикистон гаштааст.

Мо – тоҷикон дар фазои ороми сулҳу ваҳдатофар зиндагӣ дорем. Дар айёме, ки Тоҷикистони азиз чун гул мешукуфад, аз файзи Истиқлол, мардум аз нусрату иқболи хеш бо роҳбарии сарвари оқилу хирадпеша Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба суйи ояндаи дурахшон устуворона қадам мезананд.

Имруз ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бо умеди оромии ҳамсоякишвар даст ба дуо мебардоранд,ки сулҳу субот фазои Афғонистонро фарогир бошаду дар лабони мардуми ин кишвар табассум ҳамешагӣ ҳувайдо гардад.

Сулҳ бошад дар ҷаҳон пояндаву ҷовид мудом,

Халқи машҳури ҷаҳон бошад онро посбон.

Пок гардад, ашки модар аз набардҳои замон,

Сулҳу ваҳдат ҳам марому ҳам навои тоҷикон.

Фируза Шерматова-

Муовини Раиси кумитаи ичроияи ХХДТ дар шахри Конибодом
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: