Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Аҳмад Зоҳир, ифшогари қалби пурдарди Фурӯғӣ Фарухзод

Аҳмад Зоҳир, ифшогари қалби пурдарди Фурӯғӣ Фарухзод

21-02-2017, 08:34
Хабарро хонданд: 248 нафар
Назарҳо: 0
Аҳмад Зоҳир нобиға ва ситораи дурахшони осмони саъат аст, ба баландтарин қуллаҳои санъат болу пар кушудааст ҳамин аст, ки то имрӯз касе ҳамрадиф ба ӯ дар ҷоддаҳои баланди шеъру оҳангу суруд, баробар нагаштааст. Ӯ воқеан ишфогар аст, ифшогари қалби пурдард, ки саршор аз нокомӣ нокомгорӣ ноумедӣ бедодгарӣ ва қалбҳои зудуда аз ноадолативу зулму ситами ёр замона, ки инсонҳоро дар ҳар давру замон бароғуши худ кашида аз шаҳди худ мечашонанду баҳравар месозад. Аҳмад Зоҳир огоҳ аз ҳар дил донанда аз ҳар аҳволу оҳу дарди қалби кӯдаку ҷавон ва бинанда аз ҳар ҳоли замон буд, ки тавонист бар аҳвол нигариста сурати ҳол бигӯяд. Ӯ пайваста талош мекард то оҳанг ва сурудеро дарёбад биофарад ва бисозад, ки бар қалби мардуми дарманд марҳам гардида ба ашки сӯзон ва оҳи пурдадри тифлакон силабони сар бошад.
Аҳмад Зоҳир, инак суруде месарояд ки марғуб аз ҳар оҳанг ва ифшогари қалби пурдари шоирае, ки аз дасти замона ранҷи бисёр дида билохира косаи сабраш лабрез гаштаву бар муқобили ин ҳама беадолативу бедодгариҳо ошубу исён барпо намудааст. Дар ҷараёни ин ҳама носозиҳо Фурӯғро аз ҷигарбанди худ абадан ҷудо мекунанд. Ӯ фироқи фарзанд мекашад, дили модар аз дурии фарзанд хун мегиряд, дар шарораҳои амвоҷи ноумедиҳо ғарқаи хун гардида фарёди наҷот мезанад вале касе ба фарёдаш намерасад, билохир ба фарзандаш «Шеъре барои ту» менависад ва ягона нафаре, ки бо ӯ ҳамроз мегардад Аҳмад Зоҳир буд, ки дарди ӯро ба оҳанг медарорад ва бо ҷазобияти нотакрор месарояд то бошад, ки ин дард ин нола ва ин дили хунини модар садояш ба гуши дигарон ҳам бирасад.

Ин шеърро барои ту мегӯям,
Дар як ғуруби ташнаи тобистон…

Бигзор сояи мани саргардон,
Аз сояи ту дӯру ҷудо бошад.
Рӯзе ба ҳам расем, ки гар бошад,
Кас байни мо, на ғайри Худо бошад.

Ин шеърро барои ту мегӯям,
Дар як ғуруби ташнаи тобистон…

Бо ин гурӯҳи зоҳиди зоҳирсоз,
Донам, ки ин ҷадол на осон аст.
Шаҳри ману ту тифлаки ширинам,
Дерест ошёнаи шайтон аст!

Ин шеърро барои ту мегӯям,
Дар як ғуруби ташнаи тобистон…

Аслан ин шеър аз 24 байт яъне 48 мисра иборат буда иникосгари ҳоли модар аз дури фарзанд ва бедодгариҳои замон аст, ки Аҳмад Зоҳир танҳо 5 байти онро бо нақарот бо ҳастии том ва санъати хело воло суруда ба дили шунавандагон ва ҳаводорони худ таъсире гузошта мутаккои на танҳо қалби пурдарди Фурӯғ балки тамоми дардмандоне, ки ба чунини авҳол гирифтор буданд, мегардад, ки мо дар зер шакли пураи шеъро овардаем.

Ин шеърро барои ту мегӯям,
Дар як ғуруби ташнаи тобистон.
Дар нимаҳои ин раҳи шумоғоз,
Дар кӯҳнагӯри ин ғами бепоён.

Ин охири таронаи лолоист,
Дар пои гоҳвори хоби ту.
Бошад, ки бонги ваҳшии ин фарёд,
Печад дар осмони шабоби ту.

Бигзор сояи мани саргардон,
Аз сояи ту дӯру ҷудо бошад.
Рӯзе ба ҳам расем, ки гар бошад,
Кас байни мо, на ғайри Худо бошад.

Ман такя додам ба дари торик,
Пешонии фишурда зи дардамро.
Месоям аз умед бар ин дар боз,
Ангуштҳои нозуку сардамро.

Он доғи нангхӯрда, ки механдид,
Бар таънаҳои беҳуда, ман будам.
Гуфтам, ки бонги ҳастии худ бошам,
Аммо дареғу дард, ки «зан» будам.

Чашмони бегуноҳи ту чун лағзад,
Бар ин китоби барҳами беоғоз.
Исёни решадори замонҳоро,
Бинӣ шукуфта дар дили ҳар овоз.


Ин ҷо ситораҳо ҳама хомӯшанд,
Ин ҷо фариштаҳо ҳама гирёнанд.
Ин ҷо шукуфаҳои гули марям,
Беқадртар зи хори биёбонанд.

Ин ҷо нишаста бар сари ҳар роҳе,
Деви дурӯғу нангу риёкорӣ.
Дар осмони тира намебинам,
Нуре зи субҳи равшани бедорӣ.

Бигзор то дубора шавад лабрез,
Чашмони ман зи донаи шабнамҳо.
Рафтам зи худ, ки парда барандозам,
Аз чеҳраи поки ҳазрати марямҳо.

Бигсастаам зи соҳили хушномӣ,
Дар синаам ситораи тӯфон аст.
Парвозгоҳи шӯълаи хашми ман,
Дардо, фазои тираи зиндон аст.

Ман такя додам ба дари торик,
Пешонии фишурда зи дардамро.
Месоям аз умед бар ин дар боз,
Ангуштҳои нозуку сардамро.

Бо ин гурӯҳи зоҳиди зоҳирсоз,
Донам, ки ин ҷадол на осон аст.
Шаҳри ману ту тифлаки ширинам,
Дерест, к - ошёнаи шайтон аст.

Рӯзе расад, ки чашми ту бо ҳасрат,
Лағзад бар ин таронаи дардолуд.
Ҷӯӣ маро даруни суханҳоям,
Гӯӣ ба худ, ки модари ман ӯ буд.

Фурӯғӣ Фарухзод мегӯяд Комӣ писарам ҳарчанд, ки туро алаҳи ман шуронда бошанду маро носазову бероҳа гуфта ба ту шиносонида бошанд, лек бидон ман модарат, модаре, ки аз дасти бедодгариҳои замон ба танг омада қафаси зиндонро бишикаста бар озодӣ ва ба муқобили ҳама он касоне, ки дунёро бар чашми мардуми бечора манфур мегардонанд бархоста бо қалами тези худ бар мубориза камар бастаам. Ман беҷогарду сабукпой нестам танҳо касе ҳастам, ки баҳри озодӣ ва озодона зиндагонӣ кардани ту ва тамоми мардум бархостаам.
Писарам бидон, ки ин шеърро барои ту мегӯям, бидон, ки ончунон пазмони ту шудаам ба масали ташнае, ки дар дашти бепоёни гармии тобистон муштоқ ва орзӯи об мекунад бидон, ки аз бозе, ки аз ту ба дури афтодаам роҳи пурталотум ва дарди ҷонкоҳе қалбамро ҳаррӯзҳо ба дард меоварад, дар кӯҳнагӯри ғами беохир ҷонам месузад. Ман, ки пайи хизмат аз ҷой ба ҷойеву аз шаҳр ба шаҳре мегардам маро ҳарҷогарди беиффат мехонанд наздикони ту, ки туро аз оғуши ман бигрифта буданд, лек бигзор ҳарчанд, ки сояи мани саргардон аз сояи ту писарам ҷудо бошад, вале бидон билохир мо рӯзе бо ҳам мерасем, ки касе ва чизе ба мо мониаги наметавонанд кард, танҳо Худо шоҳиди боҳамрасиву доварӣ бозбинии мову ту мегардад, он рӯз, ки дар дунё ба мо насиб нагардад яқин дар охират насиб мегардад, ки ман доимо дар ҳама ҳолу аҳвол бо ту ва дар ёди ту будам писари азизам Комӣ! Ин ҷадолон ин зоҳирони зоҳирпараст, ки ҷони мардумро месузонанду онҳоро асиру ғулом сохта хостаҳои худро аз онҳо мебароранд ва дар ҳеҷ онҳоро кофару гунаҳкор сохта зулму ситам ва сахтиҳои тоқатнофарсо бар сарашон фуруд меоранд ва тамоми дороиву ҳастии зиндагиашонро баҳри ҷурми гуноҳе, ки худ бечораҳо намедонанд ки чист аз худ намуда, насибаи онҳоро дар зиндагӣ ва баҳри зиндагӣ намудан ҷабру зулм ва хоку хун мегардонанд. Шаҳри ман дербоз ҳаст, ки ошёни шайтон гардидааст, туро ҳам писарам шайтонсифатон бар доира худ даровардаанду барзеҳни ту нисбати ман модарат ва дигарон эҳсос ва васвоси дуруғӯ шаётиниро нақш бастаанд, ки маро модаратро ёдамро ба бадӣ шояд намоӣ.
Комӣ ҷигаргушаи Фурӯғ буд, ки дур аз ӯ ва дар ёди ӯ мезист. Ҳарчанд мехост, ки ба назди писарашр рафта бо ӯ дидорбини намояд вале яқин медонист, ки Комӣ ӯро ба хубӣ пазирои намекунад чароки чигунагии модар яъне Фурӯғро ба бадӣ ба тафаккур ва мағзи ӯ ҷой карда буданд, ки ӯ модарро ба бадӣ ёд мебурд.
Ин ҳама тақдири шум ва рӯзгори сахт ӯро аз айми кӯдакиаш ҳамсафар буд. Ҳамин буд, ки ӯро ҳарчи зудтар ба шавҳар доданд, ки тақрибан 13 сол дошт ва зиндагии онҳо дер давом намуда зуд ҷудо мегарданд, ки дар ин байн Комӣ ба дунё меояд. Ӯро аз писараш ҷудо намуданд ва нагузоштанд, ки Комӣ бо модараш бимонад.
Фурӯғӣ Фарухзод то охирин ва вопасин рӯзҳои умраш нигарони фарзанди хеш буд. Ва худ дар дафтари хотироти худ менвисад, ки «Комӣ як рӯз бузург хоҳад шуд ва маро чунон, ки ҳастам хоҳад шинохт, на он тавр, ки дар бораи ман ба ӯ талқин мекунанд ва масъулияти ӯро бо тафтини беморонаи худ олуда месозанд». Фурӯғ дар ин номаи дардолуди худ ҳама ҳолро инъикос намудааст то шавад рӯзе Комӣ бузург бигардаду кӣ ва чигуна будани модари худро бишиносад. «Аслан маро аз даруни суханҳоям хоҳи ёфту шинохт», мегӯяд Фурӯғ, дар фарҷоми чакидаи резаҳои дарду ҳасрат ва номаи қалби дардолуди худ ба ҷигарбандаш.

Рӯзе расад, ки чашми ту бо ҳасрат,
Лағзад бар ин таронаи дардолуд.
Ҷӯӣ маро даруни суханҳоям,
Гӯӣ ба худ, ки модари ман ӯ буд.

Фирдавси Абдураҳмон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: