
Ин субҳ толори китобхонаи донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент аз накҳати ашъори ноби устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шодоб гашта буд.
Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии донишкада ба ифтихори Рӯзи одаммушшуаро , устод Рӯдакӣ байни донишҷӯён озмуни рӯдакихонӣ баргузор шуд.
Донишҷӯёну магистрантҳои донишкада бо шавқу меҳр ва эҳсоси баланд аз ашъори устод порчаҳо қироат намуда, ба саволҳои ҳакамон дар бораи аҳвол ва вижагиҳои осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷавоб гуфтанд.
Зимнан, ин озмун бе эълони омодагии пешакӣ баргузор карда шуд ва он собит намуд, ки донишҷӯён ба ашъори падари шеъри форсӣ- тоҷикӣ дилбастагии хос доранд ва устодони донишкада инро ба шогирдони худ хуб талқин намудаанд.
Муовини раиси Кумитаи иҷроия Парвина Тошева, мудири шуъбаи ташкилӣ Мастона Муродзода ва роҳбари дафтари матбуоти Кумитаи иҷроия Турдибой Солеҳзода ба ғолибони озмун ва иштирокчиёни фаъол сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравиро, ки аз китобҳои адибони номвари гузашта ва имрӯзаи тоҷику форс иборат буданд, тақдим намуданд.