
Дар асоси нақшаи кории кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен санаи 22-уми сентябри соли равон дар ташкилоти ибтидоии ЛКТ бахшида ба “Рӯзи Рудакӣ”, маҳфили “Рӯдакихонӣ” ташкил карда шуд. Дар маҳфили мазкур мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен Умеда Муҳитдинова, мудири бахши кор бо занону ҷавонони кумитаи иҷроия Бобоқулова З, намояндаи бахши кумитаи ҷавонон Табарова Л, ва донишҷуёни ЛКТ иштирок доштанд. Муҳитдинова Умеда донишҷӯёнро бо ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 95 солагии ноҳияи Спитамен ва “Рӯзи Рӯдакӣ” аз номи роҳбарияти ҲХДТ табрик намуда, оид ба ҳаёту фаъолияти Асосгузори сардафтари адабиёти калассикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рудакӣ ва асарҳои безаволи ӯ, саҳми босазои он дар адабиёти форсу тоҷик гуфта гузашт. Баъдан аз тарафи донишҷуён аз ашъори шоир қироатҳо карда шуд. Барои қироати беҳтарин ба донишҷуёни маҳфил Ифтихорномаҳо супорида шуд.